КоррупсияМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЯК КОРМАНДИ БДА ТОҶИКИСТОН ДАР ҚИРҒИЗИСТОН БО 33 КИЛО АФЮНУ ҲАШИШ ДАСТГИР ШУДААСТ (ВИДЕО+6 АКС)

Дар Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо миқдори бузурги маводи мухаддир (беш аз 33 кило афюну ҳашиш, ё чарс) дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти ВКД Қирғизистон гуфт, яке аз боздоштшудаҳо О.А., ки 62 сол дорад, ташкилкунандаи ин шабакаи қочоқи маводи мухаддир дониста мешавад ва боздоштшудаи дуюм И.М. 40 сол дошта, … сержанти калони БДА ВКД Тоҷикистон будааст.

ВКД Тоҷикистон хабари боздошти кормандаш дар Қирғизистон бо маводи мухаддирро то ҳол расман шарҳ надодааст, вале дар видеои нашршуда дида мешавад, ки чӣ гуна дар поси шаб як нафари дар танаш либоси милитсионериро аз мошин фароварда, дар рӯи асфалт мехобононд ва сипас аз бордони мошин як халтаро берун мекашанд, ки дар рӯяш ба забони тоҷикӣ  “орди гандумии нонвойхонагӣ, навъи якум”  навишта шудааст. Сипас аз дохили ин халта бастаҳои зиёдеро берун оварданд, ки гуфта мешавад, маводи мухаддир аст.

Бино ба иттилои ВКД Қирғизистон, ин шабакаи фаромиллиии қочоқбар ба қочоқи маводи мухаддири  “афғонӣ” аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва сипас ба Қазоқистон машғул буд. Гуфта мешавад, Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Қирғиҳистон аъзои шуъбаҳои ин шабака дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистонро муайян карда, сипас шахсияти раҳбари онро ҳам муайян кардаанд.

 “Дар натиҷаи ҳамкории муваффақ дар ҷараёни амалиёти вижае, ки як сол давом дошт, ҳамаи аъзои ин гуруҳи қочоқбари маводи мухаддир дастгир карда шуд. Аз ҷумла ташкилкунандаи гуруҳ О.А., соли таваллудаш 1960, шаҳрванди Тоҷикистон,  ва узви гуруҳ И.М., соли таваллудаш  1982, шаҳрванди Тоҷикистон, сержанти калони ВКД Тоҷикистон. Аз муомилоти ғайриқонунӣ дар умум 33 килою 241 грамм маводи мухаддири афғонӣ, аз ҷумла 11 килою 299 грамм афюн ва 21 килою 942 грамм ҳашиш мусодира карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба миқдори бузург парванда кушодаанд ва ҷустуҷӯи аъзои дигари ин гуруҳ идома дорад.

Ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ҳоло дар боздоштгоҳи №1 шаҳри Бишкек қарор доранд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, интиқол дода мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button