ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назарҲуқуқи инсон

ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ: АГАР БО МАН ЧИЗЕ ШУД, МАН ДАР МИЛИТСИЯИ Н. АЙНӢ…

Далери Имомалӣ, журналист ва блогери шинохтаи тоҷик рӯзи 15 июни соли 2022, тахминан соати 11 дар саҳифааш дар Фейсбук пости кӯтоҳе гузошт ва хабар дод ки: “Агар бо ман чизе шуд ман дар милитсияи н. Айнӣ. Мехостам Конибодом сабти филм равам.

Аҷаб он аст, ки Далери Имомалиро дар ноҳияи Айнӣ дар ҳоле ба милитсия бурдаанд, ки ӯ ба Конибодом мерафтааст. Сабаби ӯро аз роҳ доштану ба милитсия бурдан дар ноҳияи Айнӣ  ҳанӯз маълум нест.

Ин хабар мавҷи вокунишҳоро ба бор овард, чунки ҳамагӣ чанд рӯз пеш, рӯзи 4 июни соли ҷорӣ Далери Имомалиро ба мақомоти ноҳияи Шоҳмансур барои “суҳбат” даъват карда, танҳо баъди 5 соат ҷавоб доданд. Маълум шуд, ки журналистро дар ҷараёни ин “суҳбат” латтукӯб карда, маҷбур кардаанд, ки ду видеояшро аз каналаш дар Ютуб пок кунад.

Далери Имомалӣ дар чанд моҳи охир бо силсилаи видеоҳояш дар мавзӯъҳои доғи ҷомиаи Тоҷикистон сарусадои зиёде ба по кард ва дар як муддати кӯтоҳ шумораи обуначиёни канали Далери Имомалӣ дар Ютуб қариб ба 150 ҳазор нафар расидааст.

Далери Имомалиро рӯзи 4 июн кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансур ғайриқонунӣ 5 соат бозпурсӣ карда, ҳатто таҳқиру латтукӯб кардаанд. Бино ба нақли Далери Имомалӣ, ҳангоми задан соати дасти яке аз латтукӯбгарон мешиканад ва ӯ ҳатто ба шикастани соати дасташ ҳам хабарнигорро гунаҳкор мекунад ва таҳдид мекунад, ки ӯро ба нишон додани муқовимат ба кормандони мақомот айбдор хоҳанд кард. Далери Имомалӣ иқрор кард, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро водор кардаанд, ки ду видео дар бораи чаппа кардани хонаҳои сокинон дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансурро аз каналаш пок кунад.

Дар пайи ин ҳодиса як гуруҳи нашрияҳо ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон низ бархӯрди хушунатомез нисбат ба Далери Имомалиро маҳкум карданд ва аз мақомот хостанд, ки таъқиби журналистонро бас карда, гунаҳкорони боздошту латтукӯби Далери Имомалиро ҷазо диҳанд.

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон низ дар як муроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хост, он кормандони мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансурро, ки дар боздошт ва латтукӯби блогер ва журналисти шинохта Далери Имомалӣ даст доранд, ошкор карда, онҳоро ба ҷавобгарӣ бикашонад.

Вале бо гузашти қариб ду ҳафта, то кунун мақомот  ҳатто аз шурӯи таҳқиқи ин қазия хабар надодаанд, чӣ расад ба пайдо кардану ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон.

Гуфта мешавад, прокуроре, ки дар ноҳияи Шоҳмансур Далери Имомалиро заду соаташро шикаст, домоди яке аз роҳбарони аввали ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон будааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button