ВидеоКоррупсия

ЗАМИНСОЗИ ШАҲРАКИ БОХТАРИЁН БА 100 ҲАЗОР СОМОНӢ ЗАМИН ФУРӮХТААСТ

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 13 июни соли 2022   аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи  Фирӯз Ҳасанов, заминсози ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён хабар дод. Ӯ бар асоси қисми чоруми моддаи 247 ва моддаи 338, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ва фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин айбдор мешавад.

“Ҳасанов Фирӯз Раҳматович, дар вазифаи сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ дар се ҳолат аз шаҳрвандон маблағи умумии 100.000 сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш тасарруф намуда, ба онҳо ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо карда додааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи агентӣ.

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳасанов Фирӯз Раҳматович бар асоси моддаҳои 247, қисми 4, банди “б” ва 338, иловаи 1, қисми 2, бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расонидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

Ба заминсози ҳамакнун собиқи ҷамоати шаҳраки Бохтариён бар асоси қисми чоруми моддаи 247 ҳамчун ҷазо  барои қаллобӣ ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 64 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол таҳдид мекунад. Ҳамин тавр бар асоси моддаи 338, иловаи 1 ба ӯ барои фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ваё аз 5 то 8 соли зиндон  таҳдид мекунад.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода низ дар як нишасти и хабариаш эътироф кард, ки “замин имрӯз дар Тоҷикистон мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст.”

Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо мансабдорро ҳангоми гирифтани пора дар ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин ба шаҳрвандон дастгир мекунанд. Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button