ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХ БА МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ РОҲ ЁФТ!!!

Ниҳоят ин фурсат фаро расид!!! Тими миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфт!!!
Новобаста аз натиҷаи бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» бо тими миллии Қирғизистон, ки имрӯз, 14-уми июн дар Бишкек баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиёро ба даст овард.
Дар ҳоли ҳозир, баъди ду даври аввал тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳарду шашимтиёзӣ ба даст овардаанд. Вале ба сабаби хубтар будани таносуби тӯбҳояш тими Тоҷикистон дар ҷадвали ин гуруҳ дар ҷои аввал қарор дорад ва барои ҳифзи мақоми аввал дар ҷадвал барояш мусовӣ анҷом додани бозӣ бо Қирғизистон ҳам кофист.
Баргузории марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.
Тамоми мухлисони футболи тоҷикро ба муносибати баромадани тими миллии Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 табрик мегӯем!!!

