ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗ ЯК МАРЗБОНИ ТОҶИК ДАР ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН КУШТА ШУД

Субҳи 14 июни соли 2022 дар ҷараёни тирпарронии байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи Исфара бо Бодканд боз як марзбони тоҷик кушта шуд.

Радиои Озодӣ  бо такя ба манобеаш хабар дод, ки дар тирпарронӣ дар марз бо ҷамоати Ворух як сарбози 26-сола аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон кушта шгудааст.

Аз аввали соли ҷорӣ дар даргириҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 5 нафар кушта ва беш аз 30 нафар захмӣ шуданд. Ҳамаи кушташудаҳо –  3 сокин ва 2 марзбон –  аз ҷониби Тоҷикистонанд.

Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ва мақомоти шаҳри Исфара то ҳол тирпарронии ахирро дар марз расман шарҳ надодаанд. Вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи ду тирпарронӣ хабар дод, ки яке тақрибан байни соатҳои 6:50 -7:00 ва дуюмӣ байни аз соати 7:50  то соати 8:10  дар мавзеи Булоқбошии ноҳияи Бодканд рӯй додааст. Ин мавзеъро дар Ворух Пули Офтобрӯй  ном мебаранд ва қаламрави Тоҷикистон мешуморанд.

Бино ба фарзияи По версии Хадамоти марзбонии Қирғизистон,  тақрибан соатҳои 6:50 -7:00 дар Булоқбошӣ аз ҷониби посгоҳи марзии Тоҷикистон “Кех” ба сӯи посгоҳи қирғизии “Булоқбошӣ” тирандозӣ кардаанд ва ҷониби Қирғизистон низ ҷавобан ба тарафи посгоҳи тоҷикҳо тир кушодааст.

 “Марзбонҳои ду кишвар мавқеъҳои ҷангӣ гирифтанд. Намояндагони марзбонии ду кишвар дар вилоятҳои Бодканду Суғж музокироти телефонӣ доир карданд. Ба ҷои ҳодиса сардорони воҳидҳои марзбонии ду ҷониб сафарбар шуданд. Вале соати 7:50 ҷониби Тоҷикистон аз нав бо истифода аз гранатомётҳо ва миномётҳо ба тирпарронӣ сар кард.Соати 8:10 тирпарронӣ қатъ шуд”, –  омадааст дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ёдовар мешавем, рӯзи 3 июни соли ҷорӣ дар ҳамин мавхеи Пули Офтобрӯя (Булоқбошӣ) байни марзбонҳои тоҷику қирғиз алакай тирпарронӣ шуда буд. Он вақт ҷониби Қирғизистон аз тир хӯрдани ду марзбонаш хабар дод. Аз Тоҷикистон ҳам дар бораи ҷароҳат бардоштани як марзбон хабар расида буд. Дар пайи он тирпарронӣ вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба “амалҳои иғвоангезона” айбдор кард.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 983 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун  ҳудуди 330 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар хунинтарин муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 55 нафар кушта ва 240 каси дигар захмӣ шуданд. Аз аввали соли 2022 дар чанд даргирӣ дар марзи ин ду кишвар, ки асосан дар марзи Исфара бо Бодканд рух доданд,  5 нафар аз ҷониби Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 30 тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button