ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
5 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛИ ХАРОБИОВАР ДАР ВАРЗОБ

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июни соли 2022 дар деҳаи Ғажнеи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб бинобар сабаби боридани борони зиёд дар километри 32-юм лойқа ва сангу шағал фаромада, муваққатан роҳ баста гардид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки хушбахтона, ин сел талафоти ҷонӣ надошт, вале борони шадид ҳамчунин ба 4 ҳавлӣ пур аз лойқа кардааст ва сокинони ин ҳавлиҳо муваққатан ба ҷойи амн кӯчонда шуданд.
Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офат ва дигар намудани маҷрои сел як адад техникаи маҳалӣ сафарбар шуда, тақрибан 120 метр селроҳа тоза ва барқарор карда шуд.
Корҳои бартарафсозӣ дар ин самт идома дорад.





