ВидеоНуқтаи назарҶомеа

ТАРҒИБИ ГАДОӢ АЗ ТАРИҚИ YOUTUBE ВА ХАВФИ МӮД ШУДАНИ ОН: ҲУШДОРИ ҒАРИБШО ВА ТОҲИРӢ (ВИДЕО)

Ширинкори шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов, ки бо тахаллуси Ғарибшо маъруф шудааст, дар барномаи “Ногуфтаҳо” дар канали Орзу Исоев дар Ютуб аз афзудани мавридҳои сӯиистифодаи қаллобон аз дасти хайри мардум, бахусус аз муҳоҷирони тоҷик изҳори нигаронӣ кард.

Журналист Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ бошад аз он дар ташвиш аст, ки фарҳангӣ гадоӣ ва бечоранолӣ дар Ютуб ба мӯд табдил мешавад ва ҳатто ширинкорҳои шинохта бӯи пулро фаҳмида, саҳначаҳои ҳаҷвиашонро як тараф партофта, ҳама ба таҳияву пахши видеоҳои “бечоранолӣ”  гузаштаанд.

 Ба ақидаи Ғарибшо ва Тоҳирӣ, сӯиистифода аз ҳисси раҳму шафқати мардум, ба хусус аз ҷониби қаллобоне, ки дар асл ниёзманд ҳам нестанд,  дар ниҳоят боиси дилсард шудан ва аз ҳар навъ кори хайр ва кумак ба ашхоси дар воқеъ муҳтоҷ даст кашидани муҳоҷирон  ва дигар мардуми дастбахайр шуда метавонад.

Ғарибшо дар ин барнома аз муҳоҷирон ситоиш кард, ки бо чӣ азобҳое, дар зери таъқибу азияти доими пулиси Русия дар он мулки мусофират пул пайдо мекунанд ва боз аз ҳаққи худу фарзандони худ қисмеро ҷудо карда, сарфи корҳои хайрия мекунанд.

Вале Ғарибшо аз он изҳори ташвиш кард, ки бисёриҳо аз ин сӯиистифода карда истодаанд ва “талбандагӣ мӯд шуда истодааст”.

Ғарибшо аз ҷумла гуфт: Ба қавле ниёзмандон, чунки ҳамаи онҳо ниёзманд нест. Мавридҳоеро медонам, ки махсус чанд рӯз рафта, дар ягон вайрона зиндагӣ мекунанд, то ягон блогер омада, зиндагии сахти онҳоро ба навор бигираду барояшон пул ҷамъ кунад. Аз чандин кас шунидам, ки бархе талбандаҳо ҳатто кӯдакҳои хурдсолро ба қавле “иҷора” мегиранду дар сари кӯчаҳо мешинанд, то мардум дилаш бештар бисӯзаду ба онҳо пули бештар хайр кунад. ВКД алакай чанд гадоеро дастгир кард, ки худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд, вале вақте рейди милисаҳоро диданд, ин талбандаҳои гӯё бедаступо якбора дасту по бароварданду аз аробачаи маъюбӣ хеста, чунон гурехтанд ки…”

Ширинкори шинохта гуфт, паҳлуи дигари масъала назорати пулҳоест, ки тавассути маъракаҳои хайрия ҷамъ меоранд: “Мебаранду як теппа пулро пеши он нафари муҳтоҷ мерезанд ва касе намедонад, ки чанд сӯм ҷамъ шуду аз он чанд сӯмашро ба ин муҳтоҷ доданду чанд сӯмаш дар дасти дигарон монд?”

Журналисти тоҷик Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ низ дар як матлаб бо номи Тарғиби гадоӣ аз тариқи «Youtube» ва хавфи мӯд шудани он дар “Садои мардум”, нашрияи  расмии парлумони Тоҷикистон  менависад, мутаассифона, ҳоло дар сегменти тоҷикии Ютуб видеоҳои аз ҳама сербинанда, ки бархеаш то ним миллион тамошобин ҷамъ мекунад, видеоҳоест, ки ба таъбири Тоҳирӣ, “моҳияти бечораҳолӣ доранд”. Ӯ менависад, маъракаҳои хайрия он қадар пуртамошобину пурдаромад шудаанд, ки ҳатто бисёре аз ширинкорҳои тоҷик таҳияву нашри саҳначаҳои ҳаҷвиро як тараф партофта, дудаста ба таҳияву нашри чунин видеоҳои “бечоранолӣ” пардохтаанд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ дар бархе мавридҳо ин маъракаҳои кумакро муассир меномад ва аз ҷумла аз сарнавишти ронандаи автобус аз ноҳияи Варзоб Назар Назаров ёдрас мешавад, ки аз сабаби беносӣ дар рӯзи якуми моҳи Рамазон 7 мошини таксиро бо автобусаш пахш кард ва вақте ҳаҷми зарари расондаашро беш аз 300 ҳазор баровард карданд, дасту дилашро аз ҷаҳон шуст. Он вақт баъди нашри видеои Қурбон Неъматов, як ширинкори гуруҳи “Арабшо”  ва дидани кулбаи вайронае, ки оилаи ин ронандаи бечора зиндагӣ мекард, ширкати “Рахш Такси” пардохти ин ҳама зарарро пурра ба уҳдаи худ гирифт ва мардум он қадар ба ин хонавода хайр карданд, ки ба қавли блогерҳо, онҳо акнун метавонанд ба ҷои ин кӯлбаи вайрона як хонаи дакаданг бисозанд.

“Бешубҳа, ин амали блогеронро метавон хуб гуфт, зеро маҳз тавассути навори онҳо қаҳрамони матлаб аз мушкил, ки шояд барои бартараф карданаш солҳо меҳнат мекард, халос шуд. Вале бадии кор дар он аст, ки баъзе аз қаллобон метавонанд барои дарёфти пули муфт худро бечораву муҳтоҷ вонамуд кунанд”, менависад  Тоҳирӣ.

Ба ақидаи ӯ, дар умум, “баробари ҳар навори нашршуда даҳҳо нафари дигар, ки хонаву мошин надоранд ва кор намекунанд, ба блогерон муроҷиат намуда, хоҳиш мекунанд, ки аз рӯзгори онҳо ҳам навор пахш кунанд, то онҳо низ чизе ба даст оранд. Мӯд шудани талбандагӣ боз аз он ҷиҳат бад аст, ки минбаъд ин ­тоифа намехоҳанд кор кунанду меҳнат, зеро медонанд, ки дар наз­ди камераи блогер як бор бо чашмони ашкбор намоён шаванд, ба корти бонкиашон пул мегузаронанд.”

Вале агар бархе корбарон аз чунин мавқеъ пуштибонӣ мекунанд, гуруҳи дигар бар инанд, ки набояд танҳо ба ин далел, ки чанд нафар метавонанд бо эҳсоси раҳму шафқати мардум бозӣ кунанд ваё аз дасти хайри мардум сӯиистифода кунанд,  дар роҳи хайру саховат мониа гузошт. Ба хусус дар шароити кишварҳри фақире, чун Тоҷикистон, ки шумори мардуми ниёзмандаш дар воқеъ зиёд, вале дасти давлат аз расидагӣ ба аҳволи қишрҳои муҳтоҷи аҳолӣ хеле кӯтоҳ аст.

Тарғиби гадоӣ аз тариқи «Youtube» ва хавфи мӯд шудани он

Бознашр аз “Садои мардум”

Ютубе

Тайи ду соли охир ҷавонони зиёд пайдо шуданд, ки аз ҳисоби блогерӣ, яъне роҳандозӣ кардани саҳифаҳои инфиродӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан «YouTube» маблағ ба даст меоранд. Вале аввали моҳи марти соли ҷорӣ ширкати «YouTube» эълон кард, ки минбаъд барои корбаронаш дар Россия ва онҳое, ки аз он кишвар наворҳои блогерони дунёро тамошо мекунанд, пул намедиҳад ё ба истилоҳ, «монетизатсия»-ашонро хомӯш мекунад. Чунин тасмим гирифтани «YouTube» ба блогерони тоҷик низ беасар намонд ва даромади аксари онҳо қариб 90 фоиз коҳиш ёфт.

ТАРҒИБГАРОНИ ТАЛБАНДАГӢ ДАР «YOUTUBE».ОНҲО КИСТАНД ВА ЧӢ ГУНА ПАЙДО ШУДАНД?

Мутаассифона, ҳоло сербинандатарин «контент» дар «YouTube»-и тоҷикӣ навори кумакхоҳии бархе аз ҳамватанон мебошад, ки дар як шабонарӯз то 500-600 ҳазор бинанда дорад.

Сифати маҳсули эҷоди корбарони бахши тоҷикии «YouTube» пеш аз қатъ шудани «монетизатсия» (ба даст овардани фоида бар ивази нашри навори сербинанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ) баланд набуд, вале пас аз моҳи март якбора бадтар шуд. Яъне, саҳифаҳое, ки то моҳи март саҳначаҳои ҳаҷвӣ ё барномаҳо дар шакли суҳбат омодаву таҳия мекарданд, ҳоло ба нашри навор аз ҳаёти сангини бархе аз сокинони манотиқи гуногуни кишвар машғуланд.

ҳоло ютубканалҳои «Qurbon Nеgmatov», «Дӯстмурод Шарипов», «Mehrob pro», «Samandar pro», «Rahim production» ва ғайраҳо наворҳоеро, ки моҳияти бечораҳолӣ доранд, пахш мекунанд. Ин дар ҳолест, ки аз тариқи каналҳои зикршуда пеш саҳначаҳои ҳаҷвӣ нашр мегардид. Масъулини саҳифаҳои мазкур хуб медонанд, ки қатъ шудани «монетизатсия» ба онҳо имкони идома додани корро дар «YouTube» намедиҳад ва роҳи нави пулёбиро «ихтироъ» карданд.

Бешубҳа, тағйирот дар муҳтавои наворҳои блогерон, пеш аз ҳама, ба фоидаи моддӣ рабт мегирад. Фоидае, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо ошкор намекунанд. Зимнан, ин фикр ҳам пайдо мешавад, ки то қатъ шудани «монетизатсия»-и «YouTube» аксари он блогерон ба рӯзгору тарзи зиндагии муҳтоҷону дармондагон таваҷҷуҳ зоҳир намекарданд. Ҳоло ки шабакаи иҷтимоӣ пулдиҳиро қатъ кард, ҳама ба нашри «муҳтоҷномаҳо» рӯ оварданд.

Блогерон, агар бо нашри барномаҳои қаблиашон мегуфтанд, ки аз ҳисоби тамошобинони саҳифа­ашон сарфу харҷашонро пӯшонида, фоида ҳам ба даст меоранд, пас ҳоло аз хусуси фоида лаб намекушоянд ва вонамуд мекунанд, ки гӯё шабу рӯз барои эҳтиёҷмандон заҳмат мекашанд.

БА МУҲТОҶОН КИҲО ВАЧӢ ТАВР КУМАК МЕКУНАНД?

Дар фазои тоҷикии «YouTube» ҳар рӯз наздики 10 навор ба мазмуни имдодхоҳӣ пайдо мегардад, ки хеле зуд ва бидуни машаққати зиёдатӣ таҳия гаштаанд. Як нафар, (ҳеҷ гуна далел вуҷуд надорад, ки ӯ дар ҳақиқат муҳтоҷ аст) ба касе, ки дар «YouTube» саҳифа дорад муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки доир ба мушкилиаш «барнома» таҳия кунад, то мардум ба ӯ ёрӣ расонанд. Блогер аз хонаи он нафар матлаб омода карда, ба қавле, мушкили ӯро нишон медиҳад ва дар навор рақами корт мегузорад, ки мардум пул гузаронанд. Одамони саховатманд ва қисме аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар корти пешниҳодшуда пул мефиристанду мушкилро ҳал мекунанд. Сипас, блогер боз аз ҳаёти он нафари мушкилдор навор таҳия мекунад ва ин дафъа муваффақияташро ба обуначиҳояш нишон медиҳад.

Ин як занҷир аст. Занҷири занг­зада, ки як-ду соли охир батамом қолаб гирифт, сахт шуд ва шикас­танаш мушкил гардид. Дар бахши тоҷикии «YouTube» матолиби хубу фоидаовар зиёд набуда, шумораи обуначиҳову бинандагонашон ниҳоят кам ҳастанд, вале дар ин баробар, садҳо ҳазор нафар ба бечоранолии ба ном эҳтиёҷмандон таваҷҷуҳ зоҳир ва кумак мекунанд.

«Муваффақият»-и блогерону муҳтоҷонро дида, андешаи «ҳақиқатан ҳам мардуми мо хайр­хоҳанд» ба сарамон пайдо мешавад, вале ин кори блогерон ва муносибати бинандагон ҷомеаро ба куҷо мебарад, номаълум аст.

ТАРАФИ МУСБАТҲАМ ДОРАД, АММО…

Албатта, баёни аҳволи эҳтиёҷ­мандон тавассути наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанбаи мусбат ҳам дорад. Яъне, метавонад ҳисси раҳму шафқат ва гуманизмро дар мардум бедор кунад. Масалан, бисёриҳо аз садамае, ки дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ронандаи автобус сар зада, ба 7 автомашина зарар расонд, огоҳанд. Ронандаи автобус зарари расидаро ба автомашинаҳои харобшуда, ки дар маҷмӯъ, 315 ҳазор сомониро ташкил дод, бояд пардохт мекард. Дар ин миён дастандаркорони ютубканали «Qurbon Nеgmatov» ба хонаи ронандаи автобус Назар Назаров рафта, аз шароити зиндагии ӯ бо нашри навор маълумот доданд, ки онро дар як шабонарӯз зиёда аз 300 ҳазор бинанда тамошо кард.

Нахуст ширкати «Рахш-таксӣ», ки автомашинаҳои зарардида ба он тааллуқ дошт, зарари расидаро бар дӯш гирифт ва баъди 2-3 рӯз блогерон ба хонаи ронандаи автобус дар халтаи селлофанӣ пул бурданд. Чанд сомонӣ будани пулро нагуфтанд, вале ишора карданд, ки бо он метавонад хонаи нав сохта, зиндагиашро беҳтар созад.

Бешубҳа, ин амали блогеронро метавон хуб гуфт, зеро маҳз тавассути навори онҳо қаҳрамони матлаб аз мушкил, ки шояд барои бартараф карданаш солҳо меҳнат мекард, халос шуд. Вале бадии кор дар он аст, ки баъзе аз қаллобон метавонанд барои дарёфти пули муфт худро бечораву муҳтоҷ вонамуд кунанд.

Ҳеҷ кас бар зидди хайр кардану дасти эҳтиёҷмандро гирифтан нест, ҳар кас метавонад ба муҳтоҷон кумак расонад, вале тарзе бояд амал кард, ки талбандагӣ мӯд нашавад, ки одати бисёр зишт аст. Бинобар ин, беҳтар аст, пеши роҳи амали чунин блогерон гирифта шавад. На ба маънои сензура, балки ба хотири танзими муҳтавои наворҳояшон. Зеро баробари ҳар навори нашршуда даҳҳо нафари дигар, ки хонаву мошин надоранд ва кор намекунанд, ба блогерон муроҷиат намуда, хоҳиш мекунанд, ки аз рӯзгори онҳо ҳам навор пахш кунанд, то онҳо низ чизе ба даст оранд.

Мӯд шудани талбандагӣ боз аз он ҷиҳат бад аст, ки минбаъд ин ­тоифа намехоҳанд кор кунанду меҳнат, зеро медонанд, ки дар наз­ди камераи блогер як бор бо чашмони ашкбор намоён шаванд, ба корти бонкиашон пул мегузаронанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button