ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

МУСЛИМ ШЕРЗАМОНОВ – БАРОДАРИ АЛИМ ШЕРЗАМОНОВ ДАР ХОРУҒ ДАСТГИР ШУДААСТ

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 12 июн хабар дод, ки рӯзи якшанбе дар ҷараёни амалиёти махсус дар шаҳри Хоруғ Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, як эътилофи феълан дар Тоҷикистон мамнӯи нирӯҳҳои оппозитсионӣ, низ дастгир шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни амалиёте, ки бо кушта шудани ду лидери ғайрирасмии маҳаллаи УПД шаҳри Хоруғ Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов анҷомид, 10 нафари дигар, аз ҷумла Муслим Шерзамонов дастгир шуданд. Ситод ин 10 нафарро “алоқаҳои ҷиноятии Мазоров ва Раҷабов” ном бурда, гуфт, “ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматии 2 нафари онҳо Имомназар Шоиширинов  2 адад автомат Калашников бо 3 тирдон, 120 дона тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим   Шерзамонов — 1 адад автомат Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд”.

Вале Алим Шерзамонов, ки ҳоло дар Полша (Лаҳистон) ба сар мебарад ва мақомот қаблан ӯро ба роҳбариву раҳнамоӣ ва ҳатто маблағгузории эътирозҳои Хоруғу Рӯшон айбдор карда буданд, иддаои мақомот дар бораи “алоқаи ҷиноии Мазоров ва Раҷабов” будани бародараш ва ҳамин тавр, дар хонааш яроқ доштани ӯро қатъиян рад мекунад.

Алим Шерзамонов ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, бародараш Муслим Шерзамоновро, ки 56 сол дошт ва дар маҳаллаи Бархоруғ зиндагӣ мекард,  субҳи 12 июн барои бозпурсӣ ба мақомот даъват карда буд ва ӯ аз бозпурсӣ дигар барнагаштааст.

“Алакай баъди боздошти Муслим аз мақомот ба хонааш омада, гӯё автомат “ёфтаанд”. Магар одаме ки ба бозпурсӣ даъват шудааст, дар хонааш силоҳ пинҳон карда, меравад? Баъди куштани Боқир кӣ дар Бархоруғ ҷуръат мекунад, ки дар хонааш силоҳ нигоҳ бидорад?” мегӯяд Шерзамонов.

Ба гуфтаи ӯ, бародараш дар замони фармондеҳи қисми низомии марзбонӣ будани Мамадбоқир Мамадбоқиров (маъруф ба Боқир) дар Мурғоб раиси ситоди он қисми низомӣ будааст, вале хеле сол боз аз хидмати ҳарбӣ канор рафта,  як ширкати хурди сохтмонӣ дошт ва бо ҳамин роҳ зиндагиашро таъмин мекард.

“Муслим узви ягон гуруҳи сиёсӣ ё ҷиноӣ набуд. Ягона “ҷиноят”-и вай ин буд, ки бародари ман аст”, мегӯяд Алим Шерзамонов.

Алим Шерзамонов, дар гузашта яке аз роҳбарони Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ аз соли 2017 ба Лаҳистон паноҳ овардааст.

Мақомот моҳи май чандин бор ӯро ҳамроҳ бо Боқир, генерал Холбаш Холбашев ва ҳамсари собиқи ин генерал Улфатхоним Мамадшоева ба ташкилу роҳбарии эътирозҳои Хоруғу Рӯшон айбдор карданд. Вале Шерзамонов ин иттиҳомро рад карда, гуфт, мақомот ба хотири сафед кардани аъмоли худ мехоҳанд пои ӯ ва Паймони миллиро ба ҳаводиси Бадахшон бичаспонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button