ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

МАҚОМОТ АЗ МУСОДИРАИ 21 АВТОМАТИ КАЛАШНИКОВ ВА ЯК ГРАНАТОМЁТ АЗ АЁМБЕКОВ ВА ГУЛОБОВ ХАБАР ДОДАНД (5 АКС)

Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми  13 июни соли 2022 аз ёфтану мусодира кардани миқдори зиёди аслиҳа ва муҳимот аз Толиб Аёмбеков ва Ниёзшо Гулобов хабар дод.  Ин ду лидери ғайрирасмии маҳаллаҳои “Хлебзавод” ва Гулободи шаҳри Хоруғ рӯзи 11 июн ҳамроҳ бо Мунаввар Шанбиев, яке дигар аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон дастгир шуданд.

Маркази матбуоти ситод гуфт, “дар пайи идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва нишондоди айбдоршаванда Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1966, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Заводи нони шаҳри Хоруғ дар шоҳидии шахсони  холис ва дар ҳузури писараш Абдураҳмонов  Асаналӣ Толибович  дар хонаи шахсии ӯ, ки дар кӯчаи А.Аёмбеков, хонаи 58-и шаҳр воқеъ мебошад, миқдори калони силоҳу муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуданд. Аз ҷумла, дар хонаи шахсии айбдоршаванда Толиб Аёмбеков — 6 адад автомати Калашников, тамғаи АК -74  бо 15 тирдон ва 450 тири қутраш 7.62 мм;

— 1 гранатомёти зиддитанкии дастии тамғаи РПГ бо 8 гулӯла, 7 фишанги гулӯла ва 1 камарбанди гранатомёт мусодира карда шуд.”

Инчунин, гуфтаи мешавад дар идомаи иттилоияи ситоди байниидоравӣ, “дар асоси нишондоди айбдоршаванда Гулобов Ниёзшо Аслишоевич, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Гулободи шаҳри Хоруғ, соли таваллудаш 1982, ки аз ҷониби писарамакаш  Аслан Гулобов  тасдиқ мегардад,  аз канори манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи С.Абдураҳмон, бинои №92-и шаҳр — 15 автомати Калашников, тамғаи АК 74, мили  7,62 мм бо 11 тирдон мусодира карда шуданд.”

 Тафтиши ин иттилои мақомот  тавассути манобеи дигар ғайримумкин ба назар мерасад. Наздикони Аёмбеков ва Гулобов барои шарҳи ин хабар дастрас нестанд.

Толиб  Аёмбеков, Ниёзшо Гулобов  ва Мунаввар Шанбиев аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 11 июн боздошт шуданд. Гуфта мешуд, ки онҳоро барои “суҳбат” ба мақомот даъват карданд, вале дигар ҳеҷ кадомаш барнагашт. Рӯзи 12 июн дар ҷараёни як амалиёти вижа дар маҳаллаи УПД ё Тирчиди шаҳри Хоруғ ду лидери дигари ғайрирасмии ин маҳалла Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазоров (Хурсанди Чашмкабуд ё Голубоглазый), соли таваллуди ҳардуяш 1972, кушта шуданд.

Аз ин қабл, рӯзи 22 май Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), лидери аз ҳама маъруфу муътабари Бадахшон ба таври мармуз кушта шуда, Амриддин Аловатшоев, як лидери дигари ин вилояти мухторро пештар аз Русия оварда, ба 18 соли зиндон маҳкум карданд.

Ба ин тартиб, аз 7 лидери бонуфузи Бадахшон, ки Ситоди байниидоравӣ моҳи октябри соли 2018 бо ҳар кадоми онҳо протоколи алоҳида имзо карда буд, ҳоло танҳо Ёдгор Мамадасламов боқӣ мемонад. Мамадасламов ба фарқ аз аксари лидерҳои дигари минтақа на дар шаҳри Хоруғ, балки дар деҳаи бо шаҳр ҳамсояи Поршиневи ноҳияи Шуғнон зиндагӣ мекунад.

Ахиран як манбаъ аз ниҳодҳои давлатии Бадахшон ба “Бомдод” гуфт, мақомоти қудратӣ бо Ёдгор Мамадасламов мушкил надоранд.  Ба гуфтаи ин  ҳамсуҳбати мо, “Ёдгор кайҳо боз аз  ҳама фаъолиятҳои зиддиҳуқуқӣ даст кашида, дигар ба ягон кор дахолат намекунад ва ба мисли як шаҳрванди оддӣ ҳаёти муқаррариро ба сар мебарад”.

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад

Июнь 13, 2022 19:34

ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 июни соли 2022 дар пайи идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва нишондоди айбдоршаванда Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1966, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Заводи нони шаҳри Хоруғ дар шоҳидии шахсони  холис ва дар ҳузури писараш Абдураҳмонов  Асаналӣ Толибович  дар хонаи шахсии ӯ, ки дар кӯчаи А.Аёмбеков, хонаи 58-и шаҳр воқеъ мебошад, миқдори калони силоҳу муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Аз ҷумла, дар хонаи шахсии айбдоршаванда Толиб Аёмбеков — 6 адад автомати Калашников, тамғаи АК -74  бо 15 тирдон ва 450 тири қутраш 7.62 мм;

— 1 гранатомёти зиддитанкии дастии тамғаи РПГ бо 8 гулӯла, 7 фишанги гулӯла ва 1 камарбанди гранатомёт.

Инчунин дар асоси нишондоди айбдоршаванда Гулобов Ниёзшо Аслишоевич, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Гулободи шаҳри Хоруғ, соли таваллудаш 1982, ки аз ҷониби писарамакаш  Аслан Гулобов  тасдиқ мегардад,  аз канори манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи С.Абдураҳмон, бинои №92-и шаҳр — 15 автомати Калашников, тамғаи АК 74, мили  7,62 мм бо 11 тирдон мусодира карда шуданд.

Толиб  Аёмбеков, Ниёзшо Гулобов  ва Мунаввар Шанбиев аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 11 июни соли равон боздошт гардида,  нисбат ба онҳо ҳаракатҳои тафтишотӣ идома доранд.

АКС: Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ/АМИТ «Ховар»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button