ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ
ХУДКУШИИ ЯК СОКИНИ 55-СОЛАИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА ДАР ДАРЁИ ШОҲДАРА

Бино ба хабари Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 12 июни соли 2022 як сокини 55-солаи деҳаи Мидинвиди ҷамоати деҳоти Барбози ноҳияи Роштқалъа даст ба худкушӣ задааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин сокини Роштқалъа худро ба дарёи Шоҳдара андохтааст. Дар хабар гуфта шудааст, ки аҳолии деҳа дастаҷамъӣ ба ҷустуҷӯи ғарқшуда афтоданд ва соати 15:50 ҷасади ӯро пайдо карда, хешовандонаш супурданд.
Сабаби худкушӣ маълум нест.
Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.