Илму фанноварӣХабарҳои кӯтоҳ

17 НАФАР – БО ДИПЛОМИ АЪЛО: ИМСОЛ ҚАРИБ 1900 ДОНИШҶӮ ДОНИШГОҲИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОНРО ХАТМ КАРДАНД

Рӯзи 11 июни соли 2022 дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии тантанавӣ бахшида ба хатми имсола баргузор шудааст.  Дар ин маросим вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода ба хатмкунандагон фотиҳаи роҳ додаанд.

Гуфта мешавад, соли 2022 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро 1518 донишҷӯ аз худи ин ҷумҳурӣ ва 356 донишҷӯи хориҷӣ хатм кардаанд. Дар иттилоияи хадамоти матбуоти ректори Донишгоҳ таъкид шудааст, ки имсол 17 донишҷӯ соҳиби дипломи аъло шуданд.

Аз 1874 хатмкунанда, аз факултети тиббӣ 1164 нафар, аз факултети педиатрӣ 96 нафар, аз факултети стоматологӣ 166 нафар, аз факултети фармасевтӣ 63 нафар ва аз факултети тиббӣ-профилактикӣ 29 нафар имтиҳонҳои хатмро бо муваффақият супорида, соҳиби диплом шуданд. Аз теъдоди умумии хатмкунандагон 253 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекардаанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода ва Маҳмадшоҳ Гулзода дар суханрониҳои худ зикр кардаанд, ки имрӯз дастпарварони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар беш аз 50 кишвари дунё кору фаъолият доранд, ки “ин боиси ифтихори мост ва барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи ватану миллати азизамон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд”.      

“Набояд фаромӯш сохт, ки хатми донишгоҳ –ин ҳанӯз саршавии роҳ аст. Барои табиби ҳозиқу донишманд ва мушкилкушои ҳазорон нафар ниёзмандон гаштан, бояд минбаъд низ омӯхтану таҷрибаи андӯхтаи ҳамкасбони калонсолро аз бар намудан, шеваи асосии кору фаъолият мегардад. Зеро танҳо дар амал татбиқ намудани донишҳои тӯли шаш сол аз барнамуда, ғамхору мушкилкушои беморону ниёзмандон гаштан дараҷаи касбиятро муайян менамояд ва ба боварию эътимод, ихлосу эътиқоди мардум бурда мерасонад”, таъкид шудааст дар гузориши нашршуда дар сомонаи донишгоҳ.

Солҳои охир бархе кадрҳои  соҳаи тандурустии Тоҷикистонро дар дигар мактабҳои олӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи миллӣ низ тайёр мекунанд ва дар Данғара низ Донишгоҳи тиббӣ ташкил шудааст, вале боз ҳам Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бузургтарин мактаби олӣ барои такмили соҳаи тандурустии Тоҷикистон бо кадрҳои нав боқӣ мемонад.

Нозирони умур мегӯянд, солҳои охир Русия ҳазорон нафар аз табибони таҷрибадори тоҷикро гулчин карда, бо ваъдаи додани шаҳрвандӣ, маоши хубтар ва имтиёзҳои дигар моил ба кӯчидан ба он кишвар кард. Дар Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки ҷои он табибони пуртаҷрибаро бо кадрҳои нави бетаҷриба ва начандон босаводу омода пур мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button