ВарзишВидеоМуҳоҷирон

НАШРИ ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ БА КӮЛОБ ДЕПОРТАТСИЯ КАРДАНИ САЙМӮМИН МАДИЕВ – ҚАҲРАМОНИ ВИДЕОИ “МОСКВА. МЕТРО ЛЮБЛИНО. РАБОТАЕМ”

Рӯзи 12 июни соли 2022 расонаҳои Русия видеои лаҳзаи барои депортатсия ба фурудгоҳи Домодедово бурдани размандаи 25-солаи ММА, зодаи Кӯлоби Тоҷикистон Саймӯмин Мадиевро нашр карданд. Ин варзишгар дар пайи нашри видеои “Москва. Метро Люблино. Работаем” машҳур шуд, вале ахиран додгоҳи минтақаи Лефортовои шаҳри Маскав ӯро барои сабти ном надоштан маҳкум ба ихроҷ кард.  Мураббиаш гуфт, ӯ намедонист, ки сабти номаш қалбакӣ аст.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки приставҳо Мадиевро, ки ба дастонаш завлона задаанд, оварда, ба автобуси роҳии фурудгоҳи Домодедово савор мекунанд. Ӯ шаби 12 июн бо ҳавопаймо ба зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб фиристода мешавад. Бино ба иттилои таблои фурудгоҳи Домодедов, аз инҷо соати 22:00 ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” ба Кӯлоб парвоз мекунад. Ин ҳавопаймо, интизор меравад, субҳи барвақти 13 июн дар фурудгоҳи Кӯлоб фуруд биояд.

Додгоҳ Мадиевро ба ғайр аз ихроҷ ҳамчунин 5 ҳазор рубл ҷарима ҳам бастааст.

Кормандони пулис рӯзи 26 май Саймӯмин Мадиевро барои тафтиш манъ карда, дидаанд, ки ӯ дар Маскав сабти ном надорад. Алакай як рӯз баъд, яъне 27 май додгоҳи минтақаи Лефортовои пойтахти Русия Мадиевро дар вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират гунаҳкор дониста, ҳукми ихроҷашро баровард ва ӯро аз додгоҳ рост ба боздоштгоҳи муҳоҷирон бурданд.

Саймӯмин Мадиев  20 сентябри соли 1996 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, то кунун дар майдонҳои касбии ММА 3 набард анҷом додааст. Ӯ мебоист рӯзи 11 июн бо қоидаҳои бокс дар мусобиқоти Pravda Fighting ба майдон мебаромад. Вале ин набард лағв шуд, чунки варзишгари тоҷик дар ин рӯз дар боздоштгоҳи муҳоҷирон мунтазири депортатсия буд.

Саймӯмин Мадиев ва мураббиаш Ризвон Ошӯрмамадов соли 2021 дар пайи дар шабакаи TikTok нашр кардани видеое бо номи “Москва. Метро Люблино. Работаем” машҳур шуданд. Ин видеои кӯтоҳ беш аз 30 миллион тамошобин ҷамъ овард ва дар ҳавои он, одамони машҳур, ҳамчунин дастаҳои футболи “Зенит”, ЦСКА ва “Локомотив” видеоҳоро худро нашр карданд.  Шуҳрати видеои бачаҳои тоҷик ба берун аз Русия ҳам рафт ва дастаи шуҳратёри “Реал” ва Ла Лига (лигаи олии футболи Испания) низ дар ҳавои он видеоҳои худро ба бозор бароварданд.

Ин нахустин мавриди аз Русия ихроҷи варзишгарони зодаи Тоҷикистон нест. Моҳи декабри соли 2021 пулиси Маскав варзишгари ММА аз Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиевро бо баҳонаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боздошт кард ва бо ҳукми додгоҳ ӯро ба Тоҷикистон депорт карданд. Чоршанбиев баробари расидан ба Ватан дар фурудгоҳи Душанбе ба ҳабс гирифта шуд. Ахиран додгоҳи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ӯро ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Тафтишот ва додгоҳ як видеои ӯро, ки дар рӯзҳои эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ нашр шуд, ҳамчун даъват ба тағйир додани сохти конститутсионӣ арзёбӣ карданд. Вале худи Чоршанбиев инро рад мекунад ва мегӯяд, ки фақат талаби адолат карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button