Дин ва боварҳоТаърихЧеҳраҳо

ЭШОНИ АБДУРАҲМОНҶОН – ЯКЕ АЗ ПИРОНИ МУЪТАБАРИ ТАРИҚАТ ДАР ТОҶИКИСТОНИ АСРИ 20

Хайриддин Абдулло

 Тарҷумаи мухтасар аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

ЭШОНИ АБДУРАҲМОНҶОН

Эшони Абдураҳмонҷон, пир, муршид, рӯҳонӣ ва яке аз авлиёи муътабари асри 20 дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, як чеҳраи калидӣ дар таърихи тариқати Хоҷагони Нақшбандия дар даврони Шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои дигари СССР. Эшони Абдураҳмонҷон  дар замонаш пир ва муршиди шумори зиёде аз шахсиятҳои рӯҳонӣ ва ҳатто сиёсиву давлатии Тоҷикистон ба шумор мерафт.

 Тарҷумаи ҳол

Эшони Абдураҳмонҷон соли 1920 дар деҳаи Тӯғчӣ дар водии Қаротегин дар як хонаводаи маъруфи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Олимон ва пирону муршидони шинохтаи тариқати Нақшбандия, ба мисли Эшони Порсо, Эшони Ғиёсиддин ва Эшони Муҳаммадшариф аз ҳамин хонавода бархостааст.

Падари Эшони Абдураҳмонҷон бо номи Эшони Ҳоҷӣ маъруф буд. Ӯ сайидзода ва аз авлоди Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) дониста мешуд ва яке аз мударрисони барҷастаи мадрасаи водии Қаротегин буд. Дар ин мадраса уламо ва шайхҳои обрӯманди замона ба толибилмон фанҳое, ба мисли Қуръон, илми тафсир, ҳадис, фиқҳ (ҳуқуқи шариатӣ), таҷвид (тарзи дурусти қироати Қуръон),  имлои забони арабӣ, хаттотӣ,  тафсири девонҳои Бедилу Ҳофиз, “Маснавӣ” -и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, “Мантиқ ат-тайр”, ”Тазкиратул авлиё” –и Фаридаддини Аттор ва улуму кутуби дигарро дарс медоданд. Ҳоло дар мадориси мазҳабии дунё чунин низоми таълим, ки устодони худотарс ба толибилмон ҳамзамон ҳам  Шариату ҳам тариқат (тасаввуфу ирфон) –ро таълим бидиҳанд, дигар тақрибан боқӣ намондааст. Дар натиҷа, имрӯз, вақте кки толибилмон баъди хатми мадрасаҳои муосири хориҷӣ ба Ватан бармегарданд, бисёрии онҳо барои мубориза бо мазҳабу равияҳои суннатӣ, аз ҷумла ба зидди тариқати тасаввуф дасту панҷа нарм мекунанд ва фазои динии кишварро ба хатар меандозанд.

Пири тариқат

Эшони Абдураҳмонҷон аз синни 15 дар мадрасаи Қаротегин аз падараш ва дигар устодони забардасти замон илми Шариату тариқат омӯхт ва ҳамон овони донишҷӯияш китобҳои роиҷ барои таълим дар мадрасаҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла китоби тафсири «Шарҳ-и Мухтасар ал-Виқоя» аз олими забардаст Марғелонӣ, ҳамчунин муҳимтарин асарҳои шоирону уламои тариқати тасаввуф, аз ҷумла девони Бедилу “Маснавӣ” ва “Мантиқ ат-тайр” –ро ба форсӣ китобат кард.

Эшони Абдураҳмонҷон аз хурдӣ зери тарбияти пирони тариқати Нақшбандия қарор дошт ва 18 сол дошт, ки барои идомаи тарбияву таълим ба даргоҳи яке аз пирону муршидони бузургтарини тариқати тасаввуфи он замон Эшони Абдураҳими Давлати Элокӣ (1881–1947 ) пазируфта шуд. Эшони Элокиро пири тариқат ва “Қутби замон” ном мебурданд, ки баландтарин мақом байни авлиё дар тариқатҳои тасаввуф дониста мешавад.

Эшони Абдураҳмонҷон дар даргоҳи Эшони Элонкӣ қариб 7 сол ба сар бурд ва соли 1947, ин шайхи бузург қабл аз маргаш ба Эшони Абдураҳмонҷон барои мустақилона машғул шудан ба иршод иҷозати хаттӣ, яъне фотиҳа дод. Ҳарчанд дар замони Шӯравӣ фаъолияти динӣ хеле мушкил буд ва мақомот монеи таълими динии мардум мешуданд, муршидон ва пирони тариқат талош мекарданд, то мардумро дар рӯҳияи худотарсӣ ва арзишҳои тариқат тарбия кунанд.

Баъди даргузашти Эшони Элокӣ, Эшони Абдураҳмонҷон дар ҳамон соли 1947, вақте ҳамагӣ 27 сол дошт, аз ҷониби уламо ва сӯфиёни бонуфузи вақт ба унвони раҳбари тариқати Нақшбандия дар қаламрави Тоҷикистон пазируфта шуд.

Каромот

 Чанд мӯъҷиза, ё ба таъбири аҳли тариқат, каромот аз ҷониби Эшони Абдураҳмонҷон боис шуд, ки обрӯи ӯ дар ҷомиа боз ҳам боло биравад ва пайравонаш ба аҳли авлиё будани ӯ эътимод кунанд.

Аз ҷумла ёдоварӣ мекунанд, ки Эшони Абдураҳмонҷон  аз қабл  сар задани ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ва ҳамчунин ба майдон омадани гуруҳҳои тундраве, чун ваҳҳобиёну салафиёнро пешгӯӣ карда, онҳоро “фитна” меномид ва шогирдону пайравони худро ҳушдор медод, ки ба ин фитнаҳо дода нашаванд ва ба ҳар гуна ҳизбҳое, ки аз номи Ислом зуҳур мекунанд, напайванданд.

Эшони Абдураҳмонҷон садҳо олиму шайхи Исломро тарибя кардааст. Мавлавии Ҳиндустонӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободиро, ки яке аз мударрисони забардасти замони худ ва дуюмӣ олими муътабар ва муршиди тариқаш шуд,  низ аз ҷумлаи шогирдони ӯ мешуморанд.

Силсила

Шаҷараё силсилаи Эшони Абдураҳмонҷон тавассути Эшони Абдураҳими Элокӣ ва муршиди ӯ Мавлоно халифа Муҳамад Худойбердӣ то ба нахустин халифаи Ислом Абӯбакр ва Паёмбар Муҳаммад (с) мерасад.  Аз Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд то ба Эшони Абдураҳмонҷон 17 пушти муршидони тариқат гузаштаанд:

  1. Хоҷа Аловаддини Аттор
  2. Мавлон Яъқуби Чархӣ
  3. Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор (Хоҷа Аҳрори Валӣ)
  4. Хоҷа Мавлоно Муҳаммадзоҳир
  5. Хоҷа Мавлоно Муҳаммад Дарвеш
  6. Хоҷа Муҳаммадқосим Амкинагӣ
  7. Хоҷа имом Муҳаммад Боқибиллоҳ
  8. Имоми раббрнӣ Мавлоно Аҳмад Сарҳиндӣ
  9. Хоҷа Муҳаммад Сайид
  10. Шайх Абдулаҳад
  11. Мавлоно Муҳаммадобид
  12. Мавлоно Муҳаммад Мӯсохон
  13. Шайх Муҳаммадсиддиқ
  14. Мавлоно халифа Муҳаммадҳусайн
  15. Мавлон Муҳаммад Абдусаттор
  16. Мавлоно халифа Муҳаммадсолеҳ
  17. Муршил Муҳаммад Худойбердӣ.

Дар замони зиндагиаш Эшони Абдураҳмонҷонро ҳамеша ҳудуди 100 шогирдаш ҳамроҳӣ мекард ва хонааш ҳамеша пур аз муридон ва ҳамчунин ҳоҷатмандоне буд, ки аз ҳар гӯшаи Тоҷикистону берун аз он бо умеди шафоат ба даргоҳи ӯ меомаданд.

Эшони Абдураҳмонҷон ба муридону шогирдонаш илмулҳол ва илмулқолро таълим медод. Ӯ ҳамин тавр, ба муридону меҳмононаш “Кашф ал-асрор”, як китоби дастаҷамъии таълимоти пирони тариқатро, ки аз таълимоти Баҳоваддини Нақшбанд то рисолаи Эшони Элокиро дар бар мегирифт, тафсир мекард. Дар маҳфилҳое, ки дар манзили Эшони Абдураҳмонҷон доир мешуд, аҳли тариқат ҳамчунин “Маснавии маънавӣ” – Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, “Дурр ал-аҷоиб” ва “Дурр ал-маҷолис»-и писари Мавлон  Султон Валад, ҳамчунин«Нафаҳо ал-унс»-и Абдураҳмони Ҷомиро меомӯхтанд. Ҳамин тавр, дар ин маҳфилҳо ба муридону шогирдон аз осори муосиртари тасаввуф, аз ҷумла ашъори шоири афғонистонӣ Ҳоҷӣ Сайид Қаландар бин Шоҳи Соҳиби Қандаҳориро, ки ба Ҳисор кӯчида, бо тахаллуси Мавлавӣ Ҷунунӣ ном бароварда буд, қироат ва тафсир мекарданд. Аз осори шуарои муосир инҷо ашъори Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро, ки дар шеъри тасаввуф дар асри 20 инқилоб кард,  мехонданд.

Эшони Абдураҳмонҷон муридону худро бар пояи осору ашъори ҳамин бузургони тариқат таълиму тарбия медод. Ба ҷуз аз зикру намоз, ӯ соатҳои зиёдеро сарфи қироати Қуръон мекард.

Имрӯз суннатҳои сӯфиёнаи ӯро шогирдони зиёдаш идома медиҳанд. Роҳбарии муридонашро ҳоло писари чоруми ӯ Эшони Абдулвоҷид бар уҳда дорад.

Марги Эшон

Эшони Абдураҳмонҷон  шоми ҷумъаи 12 июли соли 1991, дар синни 71 тарки ин дунё кард ва ба олами улвӣ пайваст. Дар маросими дафни ин пири тариқат ҳазорон нафар аз саросари Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ иштирок карданд. Эшони Абдураҳмонҷонро дар канори деҳаи Қалъаи нави ноҳияи Файзобод  дар мавзеи зебое бо номи Чашмаи Қула ба хок супурданд. Ҳоло мазори Эшони Абдураҳмонҷон яке аз зиёратгоҳҳои машҳур дар Тоҷикистони марказӣ ба шумо меравад.

Хайриддин Абдулло

Илова: Ҳамагӣ чанд ҳафта баъди марги Эшони Абдураҳмонҷон СССР пош хӯрд. Соле баъд Тоҷикистон, тавре ин пири тариқат пешгӯӣ мекард, гирифтори ҷанги хунини бародаркуше шуд, ки 5 сол давом кард ва ҳудуди 100 ҳазор кушта ба ҷо гузошт. Муридонаш мегӯянд, Эшони Абдураҳмонҷон ҳамеша дуо мекард, ки Худованд пеш аз расидани ин рӯзҳои сиёҳ ҷонашро бигирад ва ӯро шоҳиди ин ғаму мусибат накунад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button