Илму фанноварӣЧеҳраҳо

ИМРӮЗ ПОЯИ ТОБУТИ МУАЛЛИМ РАҲИМОВРО БАРДОШТЕМ. МУАЛЛИМЕ, КИ РӮИ ТАКМИЛИ ҶАДВАЛИ МЕНДЕЛЕЕВ КОР МЕКАРД!

Хуршед Фозилов

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

Имрӯз боз пояи тобути нафареро бардоштем, ки ҷонфидои соҳаи маориф буд. Санаи 12.06.2022 қалби яке аз беҳтарин муаллимони фанни кимиё Раҳимов Абдуҳалим дар синни 69 аз тапидан бозмонд.

Муаллим Раҳимов аз зумраи он омӯзгороне буданд, ки садҳо шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мешуданд. Садҳо шогирдони дигарашон табибони номӣ гардидаву дар кишвар ва хориҷ кору фаъолият доранд.

Вақте мо дар литсей мехондем, 2 муаллимон Ёқубов Мӯъмин ва Раҳимов Абдуҳалим аз фанни химия ба мо дарс медоданд. Аз сабабе, ки дониши хуб доштанд, ҳарду дар корхонаи тиллои “Зарафшон” ҳам дар лабаратория кор мекарданд ва ҳар ҳафта бо навбат ба шогирдон дарс медоданд.

Ёқубов ва Раҳимов сахт мехостанд, ки донишашонро ба шогирдон омӯзонанд. Аз ин ҷост, ки ҳар саҳар то оғози дарсҳо низ ба шогирдон дарсҳои ройгони иловагӣ мегузарониданд. Ҳол он ки дар литсей қисмати дарсҳо иловагӣ пас аз нисфирӯзӣ гузаронида мешуд.

Муаллим Раҳимов, то ҷое огоҳ будам, сари ҷадвали Менделеев ҳам кор мекарданд ва ба гуфтаи худашон, аз рӯи тахмин чанд элементи эҳтимолии системаи давриро пешгӯӣ ҳам карда буданд. (Аз рӯи массаи молекулавию атомӣ ва валентнокии элементҳои тахминӣ)

Ният доштанд, ин кори худро ба Иттифоқи ҷаҳонии химикҳо (ИЮПАК) равон кунанд.

Ин корашон то куҷо расид, ростӣ намедонам…

Раҳимов Абдуҳалим 4 сентябри  соли 1953 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори фанни химия хатм кардааст.

Солҳои 1975-76 дар мактаби №8-и шаҳри Қӯрғонтеппа, 1976-77 дар мактаби шабонаи коргарҷавонони шаҳри Панҷакент, 1977-86 дар мактаби миёнаи №30, аз 1.03.86 методисти шӯъбаи маориф, 1.11.1986, инспектори шӯъбаи маориф, 1988-1992 омӯзгори мактаби №30, 1992- 1995 аз 2.10.1995 ҳамчун химик – анатомия ва аз 26.05.1998 то соли 2016 ҳамчун химик калони озмоишгоҳи кимиёвии КМ “Зарафшон”, ҳамзамон дар ҳамин давра дар гимназия – интернат (пасон соли 1999 литсей шуд) ва  аз соли 2016 то дами вафоташон дар мактаби миёнаи №29 шаҳри Панҷакент кору фаъолият кардааст.

Муаллим Раҳимов дорандаи унвонҳои лейтенанти калони қувваҳои мусаллаҳи кимиёвӣ ва ҳам соҳиби унвони  “Аълочии маориф” буданд.

Равонатон шоду ҷояшон Ҷаннат бошад, муаллими сахтгиру азиз!

https://www.facebook.com/photo/?fbid=5030734177037598&set=a.917946404983083

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button