ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ФАВРӢ! ДУ ЛИДЕРИ ҒАЙРИРАСМИИ БАДАХШОН – ХУРСАНД МАЗОРОВ ВА ЗОИР РАҶАБОВ КУШТА ШУДАНД

Дастикам се манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки рӯзи 12 июн дар ҷараёни як амалиёти вижа дар маҳаллаи УПД (Тирчид) дар шаҳри Хоруғ ду лидери ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов кушта шуданд.

Як рӯз қабл ду лидери дигари ин минтақа Мунаввар Шанбиев ва Толиб Аёмбеков дастгир шуда, қаблан Мамадбоқир Мамадбоқиров кушта шуд ва Амриддин Аловатшоев ба 18 соли зиндон маҳкум гардид.

Ба ин тартиб, аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон ҳоло фақат Ёдгор Мамадасламов боқӣ мемонад. Ӯ дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон зиндагӣ мекунад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР БА ЗУДӢ НАШР МЕШАВАД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button