ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҶАСАДИ СОКИНИ ДАНҒАРАРО АЗ ЧУҚУРИИ 9 МЕТР ЁФТАНД. ДАР ДАРЁҲОИ ТОҶИКИСТОН БОЗ ДУ НАФАР ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 11 июни соли 2022  хабар дод, ки наҷотбахшонаш тайи як рӯзи гузашта ҷасадҳои боз ду шаҳрванди ғарқшударо аз об берун овардаанд.

Аз ҷумла рӯзи 10 июн  амалиёти ҷустуҷӯи як ҷавони 20-сола аз ноҳияи Вахш, ки ҳаз рӯзи 7 июн дар дарёи Вахш ғарқ шуда буд, ба анҷом расид. Наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон тайи се рӯз  умқи дарёро кофта, ҷасади ин ҷавонро бо кумаки камераи зериобӣ аз чуқурии 9 метр пайдо карданд. Ҷасадро аз об берун кашида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ҳодисаи дуюми нохуш дар пойтахт рӯй додааст. Рӯзи 10 июн, соати 14:38 чк корманди Хадамоти сӯхторнишонии ВКД ҶТ ба қисми навбатдории КҲФ занг зада, хабар додааст, ки ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе як мард ғарқ шудааст.

Наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Душанбе ба ҷои ҳодис асафарбар гардида, соати 16:10 ҷасади марди ғарқшударо аз об берун оварданд ва ба мақомот супурданд. Маълум шуд, ки ин мард сокини 33-солаи пойтахт будааст. КҲФ гуфт, ки ӯ дар ҷои мамнӯъ оббозӣ мекард ва ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудааст.

КҲФ дар ин робита хотиррасон мекунад: Ҳангоми истироҳат қоидаҳои бехатариро риоя кунед ва ҳаёти худро ба хатар нагузоред, чунки ҳаёт гаронбаҳотарин молест, ки мо дорем.

Танҳо аз аввали моҳи июн Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда алакай дар бораи ғарқ шудани дастикам 8 нафар дар кӯлу дарёҳо ва каналҳои Тоҷикистон хабар додааст.

Аз ҷумла ахиран Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшонаш шоми 8 июни соли 2022 аз дарёи Душанбе дар пойтахти ҷумҳурӣ ҷасади як духтари ҷавони зоҳиран 18-20-соларо берун кашидаанд. Шахсияти духтари ғарқшуда ва кай ва чӣ гуна ғарқ шуданаш ҳанӯз маълум нест.

Аз он пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки танҳо дар як рӯзи 7 июни соли 2022  дар вилояти Хатлон ҷасади боз ду нафарро аз об берун овардаанд. Ҷасади як духтари ҳамагӣ 13-солаи хонандаи синфи шашуми мактаби №14 аз  шаҳри Левакантро баъди 6 рӯзи ғарқ шуданаш аз даруни дарёи Вахш дар қаламрави ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кушониён пайдо кардаанд. Ҷасади сокини 51-солаи деҳаи Сари Роҳи ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхиро бошад баъди як рӯзи ғарқ шуданаш аз канали Қумсангир, якуним километр поёнтар аз маҳалли ғарқ шуданаш ёфтаанд.

Ба ҳисоби КҲФ, аз аввали соли ҷорӣ алакай беш аз 30 нафар, аксаран ноболиғон дар рӯду кӯдҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд. Соли 2021 дар рӯду кӯлҳои Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ҷон бохта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button