Варзиш

ҒАЛАБАИ ДУЮМИ ПАИҲАМИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ИН НАВБАТ СИНГАПУР ШИКАСТ ХӮРД

Тими миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 11 июни соли 2022 дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек дар бозии даври дуюми мусобиқоти интихоботии Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи “F” тими миллии Сингапурро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро дар ин бозӣ нишонзани асосии тими Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев ба ҳадаф расонд. Ин алакай сеюмин голи Шервонӣ дар ду бозии мусобиқаҳои интихоботии Ҷоми Осиё дар Бишкек аст.

Ин аввалин мусобиқаест, ки тими Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии ҷадидаш мутахассиси хорвату олмонӣ Петер Сегрт мегузаронад ва хушбахтона, ду бозии аввал бо пирӯзӣ анҷом ёфтанд.

Рӯзи 8 июн тими Тоҷикистон дар ҳамин варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов тими Мянмаро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Ду тӯбро дар он бозӣ Шервонӣ Мабатшоев вориди дарвозаи ҳариф кард. Манучеҳр Ҷалилов ва Эҳсони Панҷшанбе якголӣ заданд.

Шоми 11 июн (соати 20:00 ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи “Спартак” дар Бишкек дар бозии дуюми даври дуюм дар гуруҳи “F” мизбонҳои ин мусобиқот бо тими Мянма вориди рақобат мешаванд. Барои тими миллии Қирғизистон барои аз зинаи якум дар ҷадвали ин гуруҳ танг кардани Тоҷикистон лозим аст, ки Мянмаро бо таносуби камаш 4 гол  шикаст бидиҳад.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо 6 имтиёз аз ду бозӣ дар ҷадвали гуруҳи “F” дар зинаи якум қарор дорад. Қирғизистон 3 имтиёз ва як бозӣ дар захира дорад. Сингапур ва Мянма то ҳол ягон имтиёз ба даст наовардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button