Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

БОЗДОШТИ МАРДИ СОЛИМЕ, КИ БАРОИ ТАЛБАНДАГӢ ХУДРО МАЪЮБ ВОНАМУД МЕКАРД (3 AKC)

РВКД Душанбе  рӯзи 11 июни соли 2022 аз боздошт ва ба 10 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кардани марде хабар дод, ки бо мақсади бедор кардани ҳисси тараҳҳуми мардум ва ба ин роҳ ба даст овардани  пули бештар худро маъюб вонамуд карда, ба талбандагӣ машғул шудааст. Сокини 46-солаи ноҳияи Кӯшониён Ҳошимҷон Ҷумаев иқрор кардааст, ки ӯ дар асл солим аст, маъюб нест ва  пулҳои аз гадоӣ ҷамъовардаашро барои истеъмоли машрубот сарф мекард.

“Саломатӣ барои ҳар як инсон қимматтарин ганҷ аст. Мутаассифона, дар ҷомеа ҳастанд баъзе нафароне, ки ба қадру қиммати ин ганҷи бебаҳо нарасида, бо нишон додани ҳолати ҳузнангези худ, бо барангехтани раҳму шафқат ба дили шаҳрвандону атрофиён мехоҳанд аз ин ҳисоб маблағу даромади муфт ба даст оваранд”, менависад маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон.
  Чунончӣ, гуфта мешавад дар гузориш, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои профилактикӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҷумаев Ҳошимҷон Худоёрович, санаи таваллудаш 20.06.1976, истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон худро маъюб вонамуд карда, дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба талбандагӣ машғул будааст.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбуда дар асл ҷисму бозуи солим дошта, бо мақсади ба даст овардани маблағ дар байни роҳи мошингард баромада, дар баробари худро маъюб вонамуд кардан, ҳамзамон ҳолати хатарноку садамавиро ба миён овардааст.  Зимни пурсиш номбурда иброз намуд, ки бо ин роҳ ҳамарӯза маблағҳои гуногуне ба даст оварда, онро ба истеъмоли машрубот сарф мекардааст”, омадааст дар иттилоия.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҷумаев Ҳошимҷон Худоёрович протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар қарори Суд нисбати номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button