ВидеоИқтисодНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДОМОДАШ ҶАМОЛИДДИН НУРАЛИЕВРО БАРКАНОР КАРД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 июн дар таркиби ҳукуматаш як силсила тағйироти кадрӣ ба амал овард, ки аз аз ҳама пурсарусадояш, албатта, барканории домоди пурнуфузаш Ҷамолиддин Нуралиев аз мақоми муовини аввали раиси Бонки миллӣ аст.

Дар фармони барканории Нуралиев, ки барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон ироа мешавад, “ба сабаби ба кори дигар гузаштан” сабаби расмии аз вазифаи муовини аввали раиси Бонки миллӣ озод кардани ӯ гуфта шудааст. Вале маълум нест, ки оё Ҷамолиддин Нуралиев мушаххасан ба кадом кори дигар гузаронда шудааст?

Ҷамолиддин Нуралиев, ҳамсари духтари дуюми Эмомалӣ Раҳмон ва раиси дастггоҳи президент Озода Раҳмон, ки қаблан муовини аввали вазири молия буд, аз моҳи майи соли 2015 дар мақоми муовини аввали раиси Бонки миллӣ кор мекард. Барканории ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки моҳи июни соли 2020 президент Эмомалӣ Раҳмон замони маъмурияти Нуралиевро дар мақоми муовини аввали раиси Бонки миллӣ барои 5 соли дигар тамдид карда буд.

Ҷамолиддин Нуралиев 10 октябри соли 1977 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1999 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ва издивоҷаш бо Озода Раҳмон Ҷамолиддин Нуралиев аз соли 2001 то 2004 дар Вашингтон намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳон ва Сандуқи байналмилалии пул буд. Баъди баргаштан ба Тоҷикистон ӯ соли 2007, вақте ҳамагӣ 30 сол дошт, муовини вазири молия, ва соли 2010, дар синни 33 муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон таъйин шуд.

Ҷамолиддин Нуралиев ва Озода Раҳмон 5 фарзанд доранд. Писари калонии онҳо Фаридун дар Амрико таҳсил мекунад.

Ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе Хуҷандро дар даст дорад, ба Ҷамолиддин Нуралиев нисбат дода мешавад, вале ӯ инро рад мекунад.

Дар чорчӯби тағйироти кадрии рӯзи 10 июн ҳамчунин Абдуқодир Вализода, ки баъди барканориаш аз мақоми шаҳрдори Кӯлоб мансаби нав надошт,  ба ҷои Ҷаббор Носирзода раиси ноҳияи Шаҳринав таъйин шудааст. Носирзода ба навбати худ муовини вазири кишоварзӣ таъйин шуд.  Аҳлиддин Ибодуллозода мақоми мудири Осорхонаи миллиро барои муовинаш Зафаршо Иброҳимзода холӣ карда, ба ҷои Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ба мақоми ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ ба номи С.Айнӣ таъйин шудааст. Ҷӯра Кабирзода аз мақоми мушовири ёрдамчии президент озод карда шуда, Абдулвосит Шодиниё муовини аввали мудири Маркази миллии тестӣ ва Уктам Олимҷонзода муовини мудири ин марказ таъйин шудаанд.

Ҳамчунин  Шодиён Исматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи мудири Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Абдусалом Мирализода аз вазифаи ректори Донишгоҳи Кӯлоб озод карда шуда, Дилшод Сафарзода директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, Холмухамадзода Сорбон ва Манучеҳр Сафарзода муовинони вазири энергетика ва захираҳои об,  Одиназода Рамазон мудири Маркази барномаҳои байналмилалӣ  ва Дилшод Раҳмон ректори Донишгоҳи Кӯлоб таъйин шуданд. Ҳамчунин Илҳомҷон Қодирӣ ба ҷои Ориф Алимардонзода мудири мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён таъин карда шуданд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Нуралиев Ҷ.К.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 июни соли 2022
№397

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав
озод намудани Носирзода Ҷ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Носирзода Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 июни соли 2022
№398

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав
таъин намудани Вализода А.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Вализода Абдуқодир Исуф иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 июни соли 2022
№399

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 июни соли 2022
№АП-212

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 июни соли 2022
№АП-213

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷӯразода Кабир Каримҷон аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 июни соли 2022
№АП-214

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иброҳимзода Зафаршо Сафо директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 июни соли 2022
№АП-215

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шодиниё Абдулвосит Шодӣ муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 июни соли 2022
№АП-216

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Олимҷонзода Уктам Олимҷон муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 июни соли 2022
№АП-217

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №280
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи давлатии
«Маркази барномаҳои байналмилалӣ»
озод намудани Шодиён И.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шодиён Исматулло Раҳматуллозод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №281
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ»
озод намудани Ғаффорӣ Н.У.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №282
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи
давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ»
озод намудани Мирализода А.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирализода Абдусалом Мустафо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №283
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи давлатии
таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони
болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон»
озод намудани Алимардонзода О.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Алимардонзода Ориф Алимардон аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №284
ш. Душанбе

Дар бораи директори Агентии авиатсияи
граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сафарзода Д.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Дилшод Файзалӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №285
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Носирзода Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Носирзода Ҷаббор муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №286
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири энергетика
ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Холмуҳамадзода С.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Холмухамадзода Сорбони Амирхонӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №287
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири энергетика
ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сафарзода М.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Манучеҳр Баҳодур муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №288
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии
«Маркази барномаҳои байналмилалӣ»
таъин намудани Одиназода Р.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Одиназода Рамазон Сафар директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №289
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи
давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ»
таъин намудани Ибодуллозода А.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №290
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ»
таъин намудани Раҳмон Д.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмон Дилшод Сафарбек ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №291
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии
таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони
болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон»
таъин намудани Қодирӣ И. М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қодирӣ Илҳомҷон Маҳмадзода директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button