МАРГИ ЯК КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ДАР ҲАМАДОНӢ

Шоми 8 июн, тахминан соати 19:00, як кӯдаки даҳсола дар деҳаи Пахтакори ноҳияи Ҳамадонӣ зери чархи мошини тамғаи “Опел-Астра” ҷон додааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар Тоҷикистон то 400 нафар ҳалок ва беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
хххххххххххххххх
Ду сокини 42 ва 47-солаи пойтахт ба он гумонбар мешаванд, ки моҳи март бо роҳи фиреб аз як сокини 43-солаи Душанбе барои муддати кӯтоҳ 260 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондаанд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 10 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Рух додани садамаи нақлиётии марговар

8-уми июни соли 2022, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимов Хизралӣ Исоқович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳия Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Пахтакори ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ, Чориев Аюб Авазхонович, соли таваллудаш 2012, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ, Чориев А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ошкор шудани ҷинояти қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2022, мардони 42 ва 47-солаи сокинони пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, 260 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонанд, аммо ваъдаашонро то ҳол иҷро накардаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.