ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МУРДАРО АЗ МОРГ МИСЛИ ТАРБУЗ КОФТА МЕГИРӢ… ЯК ҶАВОНИ 22-СОЛА АЗ ИСФАРА ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД

Зарангези Наврӯзшоҳ, Радиои Озодӣ

Ҷасади боз як сарбози тоҷики артиши Русияро, ки ба қавли наздиконаш, дар Украина кушта шудааст, ба Тоҷикистон оварданд. Пайвандони Сулаймонхӯҷа Набиеви 22-сола аз ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара гуфтанд, ҷасади ӯро рӯзи 8-уми июн аз сардхонае дар Вилояти Ростов гирифтанд. Шаби 9 ба 10 июн  ҷанозаи ин ҷавони тоҷикро аз тариқи Хуҷанд барои гӯручӯб ба зодгоҳаш, Исфара бурданд.

Бародари Сулаймонхӯҷа, Меъроҷ Солиев рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи кушта шудани ӯ ду рӯз қабл хабардор шуданд.

Ба нақли пайвандон, Сулаймонхӯҷа Набиев соли 2017 ба муҳоҷират рафта, дар Русия кору зиндагӣ мекард, аммо ду моҳ пеш соҳиби шиносномаи русӣ шуда, баъди сабтином дар Санкт-Петербург ба хидмат даъват шуд.

“Сулаймонхӯҷа дар Грознийи Чеченистон хидмат мекард, вале дар бораи кай ва чӣ тавр ба ҷанги Украина рафтани ӯ маълумот надорем,” — афзуд Меъроҷ Солиев.

Ҳамчунин, дақиқ нест, Сулаймонхӯҷа Набиев дар кадом минтақаи Украина ва дар чӣ шароите ҳалок шудааст.

Меъроҷ Солиев, бародари сарбози кушташуда, мегӯяд, ду рӯз пеш як масъули қисми ҳарбие, ки Сулаймонхӯҷа дар он хидмат мекард, ба ҷойи кораш занг зада, хабари марги ӯро расонд.

“Ба сардхона (морг) рафтем. Ба ғайр аз як сарбоз каси дигар ба назди мо наомад. Ҷасадро барои дору кардан ба оромгоҳи Ростов бурдем. Гуфтанд, ҳақ надорем, ки инро кушоем. Ин мурдаи терминал аст. Дар сардхона (морг) ҷасад хеле зиёд буд, мурдаро мисли тарбуз кофта мегирӣ,” – нақл кард ӯ.

Аз оғози ҷанги Русия дар Украина хабари марги тақрибан даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расида ё матбуот тасдиқи онро ёфтааст. Пайвандони ин ҷавонони тоҷик, ки ҳама сарбози Русия будаанд, кушта шудани онҳоро тасдиқ мекунанд.

Дар бораи талафоти тоҷикон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳанӯз иттилое нест. Дар наворҳое, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дида мешавад, ки зодаҳои Тоҷикистон аз ҳарду ҷониби ҷанг ба асорат афтодаанд. Тасдиқу тафтиши дурустии ин навору хабарҳо дар шароити ҷанг номумкин аст.

Ҷанги Русия бо Украина, ки Кремлин «амалиёти махсус», вале Киев таҷовуз ба қаламраваш меномад, тақрибан чаҳор моҳ боз давом дорад.

Як нашрияи украинӣ чанде пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button