ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

АЗ КОР МОНДАНИ БАРНОМАИ КОМПЮТЕРӢ БОИСИ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАРМОНДАНИ ДАҲҲО НАФАР ШУД

Рӯзи 9 июни соли 2022 мардуми зиёде дар гузаргоҳи Ҷартеппа дар минтақаи нейтралӣ дар байни марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон муддати 12 соат дармонданд. Дар ин бораи канали Потребитель.Уз дар Телеграм хабар дод. Гузаргоҳи Ҷартеппа дар рӯбарӯи гузаргоҳи Саразм дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон бо шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Потребитель.Уз  менависад, “мардум дар ҳавои сӯзон чандин соат бе обу бе ғизо дармонданд. Марзбонҳо гуфтаанд, ки кадом як барномаи компютерӣ, ки ҳамаи нуқтаҳои боҷхонаҳои Ӯзбекистонро ба ҳам мепайваст, аз кор мондааст.”

Соҳибкороне, ки рӯзи 9 июн барои дуруст кардани асноди гумрукии борҳояшон  ба боҷхонаҳои Ӯзбекистон муроҷиат карда буданд, низ хабар додаанд, ки тамоми шабакаи боҷхонаи ин кишвар аз кор монда буд.

Хадамоти матбуоти Кумитаи боҷхонаи Ӯзбекистон дар каналаш дар Телеграм пеш омадани мушкил дар фаъолияти нуқтаҳои ин ниҳодро тасдиқ кард ва гуфт, серверҳои Шабакаи воҳиди автоматии кумитаи боҷхона дучори мушкилоти фаннӣ шудааст ва ҳоло ин мушкил рафъ гардида, шабака батадриҷ ба кор даромада истодааст.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз боз дар шабакаҳо моҷарои порагирии марзбонҳои тоҷик дар гузаргоҳи Саразм мавриди баҳсҳои гарм қарор гирифтааст.

Азамат Ишонқулов, як сокини Самарқанд, ки ҳамроҳи бародараш ва ҳамсаронашон барои истироҳат ба вилояти Суғд омада буд, дар гуруҳи  “Панҷакентро дӯст медорам” дар  Фейсбук хабар дод, ки дар роҳи бозгашт онҳоро дар гузаргоҳи Саразм азият дода, нисбаташон бадрафторӣ кардаанд,

Бино ба нақли ӯ, Азамат ва бародараш аз 30 май то 5 июн дар осоишгоҳи “Баҳористон” истироҳат кардаанд ва ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон дар гузаргоҳи Зафароб ва тӯли чанд рӯзи истироҳат дар “Баҳористон” аз муомилаи хуби марзбонони тоҷик ва масъулони осоишгоҳ хушу розӣ будаанд

“Дар бозгашт хостем ки аз нақби Шаҳристон ва дидани Ҳафткӯл баҳраманд шавем. Як ҷаҳон тааассурот гирифта, хеле хурсанд шудем. Аз нуқтаи сарҳадии Саразм вориди Ӯзбекистон шудем, лек аз муомилаҳои дағал ва тамаъҷӯии қӯшунхои сарҳадии Тоҷикисто хеле ҳайрон гаштем ва он якҳафтаина истироҳат ва табобате, ки карда будем, бар бод рафт!” навиштааст ӯ.

Бино ба нақли Ишонқулов, онҳоро аз соати 18 бо баҳонаи инки гӯё як ҳайъат бояд гузарад, беш аз ду соат  дар гузаргоҳ иҷозати убур надодаанд ва дар ин муддат бо алфози қабеҳ нисбат ба онҳо бадрафторӣ кардаанд.

“Боз вақт гузашт, косаи сабр лабрез шуд, гуфтам, “ту моро ба сифати одам ҳисоб намекунӣ, як соат зиёдтар вақт гузашт, дарвозаро кушо, то моён гузарем”. Ӯ бо суханҳои баланд ва дағал “даҳ соат меистӣ, фаҳмидӣ, ту кистӣ худат, ба кори ман дахолат мекунӣ, каттагиатро маро нишон надеҳ, ба ходимони пости худат нишон деҳ…” гӯён ҷавоб дод. Ман бо оилаам пиёда ба пост даромадем, акаам бо оилааш дар назди дарвоза монд. Вақти гузаштан аз контроли паспортӣ, ходиме, ки он ҷо буд “чӣ проблема дорӣ?” гуфт ба ман, гуфтам “мошинаро сар надода истодаанд”, дар ҷавоб “сғмаша те, ҳозир медарояд”. Бо тарс ва ҳайронӣ додам сӯмашро, бо телефон фармон кард, ки то мошинаи моро сар диҳад. Охир гап дар бораи камтаракак маблағ будааст, асабҳои моро чӣ андоза вайрон кард, ду соат зиёдтар вақт гузашт, назди дарвозаи сарҳадии Ҷартепа шудем. Навбат иборат аз 8-10 мошини сабукрав буд, боз ду соати дигар гузашт, ки мо аз пост берун шудем!

Қадри инсон магар ҳамин аст? Гузаштан ба давлати бародар-дӯст, 4-5 соат вақт сарф шавад!? Ин чӣ амали сипоҳиён аст ки нобахшанда мебошад, вақте ки сарварони ду давлат кӯшиш доранд, “дӯстии абадиро, бо вақти камсарф гузаштан аз сарҳад ва хоказо”, ин хел нокасон ҳушу ёдашон, чӣ тавр ду-се сғм маблағ ба даст гиранд”, менависад Азамат Ишонқулов. Ӯ изҳори умед кардааст, ки ин номааш ба дасти мақомот мерасад ва онҳо “гӯши афсаронашонро тофта мемонанд!”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button