ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

РЭПСАРОИ ҶАВОНМАРГ ИДИБЕК НАБИЕВРО ДАР ЗОДГОҲАШ БА ХОК СУПУРДАНД (ВИДЕО)

Рэпсарои ҷавони тоҷик Идибек Набиев, маъруф бо тахаллуси Стёпа,  рӯзи 8 июни соли 2022 дар зходгоҳаш, шаҳри Ваҳдат ба хок супурда шуд. Стёпа рӯзи 5 июни соли 2022  дар  шаҳри Маскав  аз олам чашм пӯшид. Ӯ ҳамагӣ 25 сол дошт.

Марги Стёпа ва он ҳам дар мулки мусофират овозаҳои гуногунеро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла овоза шуд, ки ӯ гӯё дар кадом фурӯшгоҳи шаҳри Маскав зери лифт монда, ҷон бохтааст. Овозае ҳам бархост, ки Стёпа ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.

Вале наздиконаш баъди аз Маскав овардани ҷанозаи овозхони ҷавонмарг гуфтанд, ки ин хабар асос надорад. Ба гуфтаи онҳо, дар санади марги Идибек Набиев навишта шудааст, ки ӯ ба иллати сактаи қалб дар хобаш нафасгир шуда, ҷон додааст, на ба иллати зери лифт мондан, ғарқ шудан ё ягон ҳодисаи нохуши дигар.

Стёпаро яке аз овозхонҳи ҷавони ояндадори рэпи тоҷикӣ медонистанд. Бархе клипҳои Стёпа дар Ютуб аз як то якуним миллион тамошобин ҷамъ меоварданд. Стёпа ҳамин тавр дар баттлҳо, яъне набардҳои байни рэпсароён, ки хонандаҳои рэп барои намоиши  ҳунари бадоҳатан дар сабки рэп шеър гуфтани худ сабқат мекарданд, низ хеле фаъол буд.

Стёпа  дар Донишкадаи забонҳо дар риштаи забони англисӣ таҳсил карда, чанд вақт боз дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт. Дар баробари садҳо ҳазор аз сокинони Тоҷикистон, бисёре аз овозхонҳои тоҷик ҳам маҷбур мешаванд, барои таъмини зиндагии худ ба Русия ва кишварҳои дигар ба мардикорӣ бираванд.

Ҳар  сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button