ВидеоМуҳоҷиронСиёсат

МОШИНИ СИЁСАТМАДОРИ РУСИ ТОҶИКБАДБИН ДУЧОРИ САДАМА ШУД. СЕРГЕЙ МИРОНОВРО ДУОИ МУҲОҶИРОН ГИРИФТ? (ВИДЕО)

Сергей Миронов, як сиёсатмадори популисти рус, ки бо шиорҳои зидди муҳоҷирон ном баровардааст, эътироф кард, ки рӯзи 8 июни соли 2022 дар маркази Маскав қосиди ғизорасони савори велосипедро мошини ӯ задааст.

Ин эътироф баъд аз он садо дод, ки дар Интернет видеое нашр шуд, ки чӣ гуна баъди садама ронандаи Миронов аз мошин баромада ба ҷои кумак расондан ба қосиди ҷабрдида рақамҳои мошинашро бо шитоб кушода мегирад. Мошини тамғаи “Hyundai Genesis”, ки раҳбари фраксияи  рӯ ба Кремли “Справедливая Россия – За правду” дар Думаи давлатӣ бо он ҳаракат мекард, ба маъмурияти президенти Русия, яъне ба гаражи Кремл тааллуқ дошта, бо ”мигалка” ва  рақамҳои махсуси АМР ҳаракат мекард.

Сиёсатмадори мухолифи рус Иля Яшин дар Твиттер видеои чӣ гуна рақамҳои мошинашро бошитоб кушода гирифтани ронандаи Мироновро нашр карда, Мироновро “аҳмақу беақл” номид.

 “Ӯ ба чӣ умед баста буд, ки ба ронандааш амр дод, то ки баъди садама рақами мошинро кушода бигирад? Инҷо маркази Маскав аст: дар ҳар қадам камера, ҳар раҳгузар дар даст телефон дорад …», – навиштааст Яшин.

Яшин ҳамин тавр, кӯшиши Миронов барои ба гардани қосиди бечора партофтани гуноҳро ба масхара кашид ва навишт, дар видео ҳама мебинанд, ки мошини Миронов ба самти муқобили роҳ баромад ва ба болои ин, қосиди савори велосипедро дар болои хатти пиёдагард ҳангоми аз роҳ убур карданаш пахш кардааст. Яшин ин иддаои Мироновро ҳам, ки навишт, гӯё машғули кор бо ҳуҷҷатҳо буду лаҳзаи садамаро надидааст, ба боди масхара кашидааст.

Миронов шоми 8 июн, чанд соат баъди садама, вақте ки видеоҳои он дар ҳамаҷо паҳн шуду, дигар имкони пинҳон карданаш вуҷуд надошт, дар Телеграм эътироф кард, ки мошине, ки дар кӯчаи Сретенка дучори садама шуд, мошини ӯ буд ва ҳангоми садама ӯ дар дохили мошин буд.

Миронов навишт: “Имрӯз садама рӯй дод. Ронанда гунаҳкор буд ё велосипедсавори ғизорасон, инро ГИБДД муайян мекунад. Худи лаҳзаи садамаро ман надидам, чунки дар мошин ҳамеша бо ҳуҷҷатҳо кор мекунам. Баробари рӯй додани ин ҳодиса, ронанда баромад ва дид, ки велосипедсавор зинда аст ва пояш осеб дидааст. Вақте ба ман хабар доданд, ман хоҳиш кардам, ки “Ёрии таъҷилӣ” ва ГИБДД-ро даъват кунанд. Мо онҷо мунтазири омадани ҳам “Ёрии таъҷилӣ” ва ҳам ГИБДД истодем.  Аз “Ёрии таъҷилӣ” хеле сипосгузорам, ки дар байни чанд дақиқа расида омад ва ба ҷабрдида ёрӣ расонд. Ӯро бо ҷароҳати по бистарӣ кардаанд. Хеле умедворам, ки ҷабрдида зуд шифо меёбад. Ҳатман аз вазъи саломатии ӯ хабардор шуда, барои барқарор шуданаш кумак хоҳам кард.”

Бисёриҳо дар зери видеои садамаи мошини Миронов навиштаанд, ки ин сиёсатмадори муҳоҷирбадбин ва муқаллиди Жириновскийро дуои муҳоҷирон гирифт.

Сергей Миронов, ки 69 сол дорад, ва ҳизби ӯ ҳарду тарҳҳои Кремл мебошанд. Дар соли 2001 геологи собиқи барои ҷомиаи Русия комилан ноошно ва вакили маҷлиси маҳаллиро аз Петербург ба Маскав оварда, раиси Шӯрои федератсия – палатаи болоии парлумони Русия монданд. Ӯ дар ин мақом то соли 2011 кор кард ва сипас Кремл барои ӯ ҳизб сохта, Мироновро ба Думаи давлатӣ партофт. Миронов солҳои охир талош мекунад, бо доман задани эҳсосоти зидди муҳоҷирон  ба Жириновский тақлид кунад ва бо ин роҳ тарафдорони ӯро ба тарафи худ бикашад.

Барои мисол, моҳи апрели соли 2021 аз ВКД Русия хост, ки  бо муҳоҷирон зиёд ҳафту ҳашт накарда, онҳоро ба таври оммавӣ аз Русия ихроҷ кунанд.

 Кӣ аз камбуди муҳоҷирон шикоят дошт? ВКД аз кишварҳои СНГ хостааст, то беш аз як миллион нафареро, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бубаранд. Танҳо даъват кофӣ нест, бояд онҳоро аз гиребонашон гирифта, аз инҷо пеш кунанд”. Ба ақидаи Миронов, маҳз муҳоҷирон сабаб шудаанд, ки сокинони Русия ҷойи кор пайдо карда наметавонанд: “Мардуми мо ҷои кор намеёбад ва сабаби асосии маҳз муҳоҷиронанд!

Моҳи апрели соли 2022 бошад, Миронов, вақте фаҳмид, ки дар як соли охир беш аз 100 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд ва тоҷикистониҳо дар ин “чемпионат” барои дарёфти шаҳрвандии Русия баъди украиниҳо ҷои дуюмро гирифтаанд, талаб кард, ки додани шаҳрвандии Русияро барои зодагони Тоҷикистон то поёни соли 2023 манъ кунанд ва дар ин муддат асноди ҳамаи он тоҷикистониҳои алакай шаҳрвандии Русияро бадастовардаро аз нав тафтиш кунанд ва онҳоеро, ки ба тоҷикҳо шаҳрвандӣ додаанд, зиндон кунанд.

 Миронов шаҳрванди Русия шудани чунин шумори зиёди тоҷикистониҳоеро, ки ба ақидаи ӯ, “забон, фарҳанг ва анъанаҳои моро намедонанд”, “шокикунанда”, “зуҳуроти манфӣ” ва “бар хилофи манфиатҳои Русия” номид. Ӯ гуфт, “давлат бояд ба сурати фаврӣ ба ҷараёни муҳоҷират дахолат карда, пеши роҳи зуҳуроти манфиро дар ин арса бигирад”.

Дар ҳоле ки бадбиниаш нисбат ба тоҷикҳоро базӯр пинҳон мекард, Миронов гуфт: “Беш аз нисфи онҳое, ки шиносномаи русӣ гирифтанд, аз Донбассанд. Ин комилан фаҳмост, ҷои суол нест. Вале рақами дигар ба шок меорад: 14%, ё 103 ҳазор шаҳрванди нави Русия аз Тоҷикистон омадаанд. Ман ба мардуми ин кишвар эҳтироми тамом дорам, вале биёед рӯирост гап занем: аксарияти кулли аз Тоҷикистон омадаҳо забон, фарҳанг ва анъанаҳои моро қариб намедонанд, агар тамоман надонанд, онҳо тахассуси баланд ва ҳатто миёна ҳам надоранд. Шаҳрвандии моро ба даст овардан ба манфиати онҳост. Вале манфиати Русия дар чист?”

Ба ақидаи Сергея Миронова, омори ба сурати оммавӣ шаҳрванди Русия шудани сокинони Тоҷикистон баёнгари вусъат ва доманаи коррупсия дар ниҳодҳои ВКД аст.

Инҷо гап дар бораи миллиардҳо меравад. Ин ҷо як кони тиллои Клондайк аз ҳисоби муҳоҷирон ва як корхонаи фасодолуда ба вуҷуд овардаанд, ки бо тақдими шаҳрвандии Русия ҷайби мансабдорони порахӯрро пур мекунанд”.

Миронов гуфт, феълан дар Думаи давлатӣ тарҳи қонуни нави шаҳрвандии Русия дар дасти баррасист, вале давлат бояд ба ин масъала ба таври фаврӣ дахолат кунад: “Пешниҳод мекунам, ки муваққатан, барои мисол, то поёни соли 2023 додани шаҳрвандии Русия ба сокинони Тоҷикистон таҳти мораторий қарор дода шавад.  Дар ин муддат бояд мавридҳои қаблии додани шиносномаҳои Русия ба зодагони ин кишвар тафтиш шавад. Агар бар хилофи қонун шаҳрвандӣ гирифта бошанд, бояд шаҳрвандиашон бекор карда шавад. Қонуни нав инро пешбинӣ мекунад. Ва, албатта, мансабдоронеро, ки аз ҳисоби ин пул кор кардаанд, бояд ба зиндон бикашонанд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button