ВидеоТоҷикистон

ХУШХАБАР! КАНАЛИ “БОМДОД ТВ” СОҲИБИ ҶОИЗАИ НУҚРАГУНИ ЮТУБ ШУД! (ВИДЕО)

Канали “Бомдод ТВ”, ки ҳанӯз се моҳ пеш шумораи обуначиёнаш дар Ютуб ба 100 ҳазор расида буд, аз маъмурияти ин шабака Ҷоизаи нуқрагунро ба даст овард. Ин ҷоиза ((Silver Creeator Award)) ба каналҳое дода мешавад, ки шумораи обуначиёнашон ба 100 ҳазор расидааст.

Идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба тамоми тамошобинони худ дар Ютуб барои ноил шудан ба ин қуллаи баланд изҳори сипос мекунад. Ин пеш аз ҳама ҷоизаи Шумост, чунки маҳз бо шарофати Шумо ва муҳаббат ва алоқаи Шумо ба барномаҳои видеоии “Бомдод” ба даст омадааст.

Фатҳи қуллаи 100 ҳазор обуначӣ ин танҳо оғози роҳи мо ба сӯи қуллаҳои боз ҳам баландтар дар Ютуб аст. Оморҳо баёнгари он аст, ки шумораи обуначиёни мо  танҳо дар як моҳи май 10 ҳазор нафари дигар афзуда, то имрӯз алакай ба 123 ҳазор нафар расидааст. Ҳамин тавр, моҳи май видеоҳои “Бомдод” дар Ютуб 8,5 миллион тамошобин ҷамъ  оварданд, ки барои мо як дастоварди рекордӣ аст. “Бомдод ТВ” ҳамагӣ як сол қабл қуллаи як миллион тамошобин дар як моҳро дар Ютуб фатҳ карда буд ва имрӯз ин рақамро ба 8,5 миллион расонд!

Бори дигар сипос ба якояки тамошобинони азизи мо барои ноил шудан ба Ҷоизаи нуқрагуни Ютуб! Бори дигар такрор мекунем, ки ин пеш аз ҳама ҷоизаи Шумо, тамошобинони азизи мост!

Муборакамон бод! Ва ба пеш ба сӯи фатҳи қуллаҳои нав!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button