ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ФСБ ДАР РОСТОВ 13 МУҲОҶИРРО БАРОИ ҲАМКОРӢ БО ҲИЗБ -УТ-ТАҲРИР ҲАБС КАРД (ВИДЕО)

Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) дар шаҳри Ростови лаби Дон як шуъбаи пинҳонкори созмони дар Русия мамнӯи Ҳизб ут-Таҳрир- ал-Исломиро, ки аз 13 шаҳрванди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иборат буд, аз байн бурдааст. Дар ин бора рӯзи 9 июни соли 2022 бо нашри видеои амалиёти боздошти тарафдорони ин гуруҳи мазҳабӣ Маркази робитаҳо бо ҷомиаи ФСБ хабар дод.

Дар видеои нашркардаи мақомоти амниятии Русия дида мешавад, ки чӣ гуна нирӯҳои вижаи ФСБ вориди хонае мешаванд, ки дар он як гуруҳи муҳоҷирон хобанд. Муҳоҷиронро дар ҳамон ҳолати хоболудӣ дастгир карда, ба дастонашон завлона заданд.  Аз симо ва гӯиши дастгиршудаҳо бармеояд, ки онҳо зоҳиран ё зодагони Ӯзбекистонанд ваё ӯзбекзабонҳо аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Бино ба иттилои ФСБ,  дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки ин афроди дастгиршуда таҳти роҳбарии намояндагони хориҷии Ҳизб ут-Таҳрир дар қаламрави Русия ба таври ҳадафмандона ба таблиғи ақидаҳои ин ҳизби мамнӯи мазҳабӣ машғул будаанд.

 “Дар ҷараёни маҷлисҳои махфӣ онҳо сокинони Русия аз ҳисоби мусалмонони маҳаллӣ ва муҳоҷирони кориро ба сафҳои худ ҷалб мекарданд. Аз маҳалли зисти дастгиршудаҳо маводи тарғиботии дар Русия мамнӯи Ҳизби таҳрир, воситаҳои алоқа, ноқилони электронии маълумот, ки барои пешбурди фаъолияти террористӣ истифода мешуд, ёфт ва мусодира гардид”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ.

Ба зидди ташкилкунандаи ин шуъбаи пинҳонкор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Худи дастгиршудаҳо ваё адвокатҳову наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Дар видеои нашршуда яке аз онҳо иқрор мекунад, ки 8 сол боз узви ин ҳизб аст.  Вале маълум нест, ки оё ӯ ин ҳарфҳоро бо ихтиёри худ ба забон овардааст ё таҳти фишор?

Фаъолияти Ҳизб ут-Таҳрир дар Русия ҳанӯз соли 2003 манъ шуда, дар ҳамон оғози солҳои 2000 ин гуруҳро дар Тоҷикистону Ӯзбекистон низ мамнӯъ карданд.

Ҳизб ут-Таҳрир  барои таъсиси хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад. Аз чӣ бошад, ки дар Осиёи Марказӣ бештари тарафдорони онро ӯзбекзабонҳо ташкил медиҳанд. Ин гуруҳ дар байни тоторҳои Қрим низ тарафдори зиёд дошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button