ВидеоМуҳоҷирон

ЛАҲЗАИ БА БОЛОИ САРИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ФУРӮ РЕХТАНИ ҒАРАМИ ТАХТАЮ ХИШТ ДАР МАСКАВ БА ДУРБИНИ ВИДЕО АФТОД

Шабакаи “360” видеои лаҳзаи ба болои як муҳоҷири тоҷик фурӯ рехтани чӯбу тахтаву сементу хишт дар як сохтмон дар шаҳри Маскавро пайдо ва нашр кардааст. Дар сабт дида мешавад, ки як коргар чаппа шудани маводи сохтмониро дида, талош мекунад, то фирор кунад, вале мутаассифона, зери бори он ғарами хишту тахта мемонад.

Бино ба гузоришҳо, ҷабрдида шаҳрванди Тоҷикистон П.К. буда, 28 сол доштааст, ӯро дар бемористони ба номи Боткини шаҳри Маскав бистарӣ кардаанд. Табибон гуфтаанд, ки ӯ ноҳияҳои косахонаи сараш зарб хӯрда, пошнаи пои росташ шикастааст ва аз дигар аъзои баданаш ҳам ҷароҳатҳои зиёд бардоштааст.


Додситонии шаҳри Маскав низ ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, масъулияти муайян кардани ҷузъиёти ҳодиса ва қабул қарор дар мавриди кушодани парванда ба додситонии ҳавдаи маъмурии марказӣ вогузор карда шудааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё карда, чанд ҳазори дигари онҳо маъюб мешаванд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист яке аз иллатҳои умдаи маргу мир ва маъюб шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button