ВидеоМуҳоҷиронФарҳангҶанг дар Украина

“ДУШМАНИ ХАЛҚ” ШУД? МАНИЖАРО БА ҶАШНВОРАИ ПЕТЕРБУРГ РОҲ НАДОДАНД (ВИДЕО)

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа, ки соли 2021 дар озмуни муътабари “Евровидение” аз Русия намояндагӣ кард, хабар дод, ки дар ҷашнвораи “Стереолето” дар Петербург ҳунарнамоӣ намекунад. Манижа бидуни овардани тафсилоте дар Инстаграм навишт, ки номи ӯро аз рӯйхатти иштирокчиёни ҷашнвора “бардоштаанд”.  Ҷашнвораи “Стереолето” рӯзиҳои 12–13 июн доир мешавад ва Манижа қаблан гуфта буд, ки барои иштирок дар ин чорабинӣ аз Фаронса ба Русия бармегардад. Манижа чанде пеш дар пайи дар шаҳри Порис дучори садама шудани хоҳараш ба Фаронса рафта буд.

Ҷашнвораи STEREOLETO 2022 низ дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” тасдиқ кард, ки ҳунарнамоии Манижаро дар ин ҷашнвора “бо сабабҳои аз онҳо новобаста” лағв кардаанд.

 “Дӯстон! Бо таассуф хабар медиҳем, ки ҳунарнамоии овозхон Манижа дар STEREOLETO бо сабабҳое, ки аз мо вобаста нест, бекор карда мешавад”, – навиштаанд дар саҳифаи ҷашнвора.

Асосгузори ҷашнвора Иля Бортнюк  низ ба  “Фонтанка” қарори лағви ҳунарнамоии Манижаро “бо розигии тарафайн” ва “дар вазъияти кунунӣ дуруст” хондааст.

Манижа баъди нашри хабари иштиркоаш дар ҷашнвораи “Стереолето” ҳадафи як маъракаи густардаи ҳамла қарор гирифт. Дар ин маърака бахусус ҳунарпешаи рус Мария Шукшина сахт фаъол буд.

 “Чанд рӯз боз ба ман дар бораи ҷашнвораи “Стереолето” менависанд. Аз чӣ бошад, шумори зиёди хоинон дар инҷо ҷамъ мешаванд, то сароянду рақсанду хурсандӣ кунанд. Ба Петербург магар ин лозим аст?” — навиштааст Шукшина дар Телеграм.

Манижа мухолифи ҷанги зидди Украину буд ва онро “ҷанги бародаркуш” номида, мегуфт, мутаассифона, ин ҷанг хориҷ аз ихтиёри ӯ ҷараён дорад. Дар айни замон, Манижа мухолифи дар арсаи фарҳанг дар инзивоъ қарор додани Русия буд.

Манижа ҳамчунин моҳи марти соли ҷорӣ, ҳанӯз дар рӯзҳои аввали оғози ҷанги Украина таронаи наваш бо номи “Сарбоз” бо забони англисиро нашр кард, ки дар он бо сароҳат мухолифати худро ба ҳар навъ ҷангу хунрезӣ баён кард.

Манижа соли 2021 низ, дар пайи онки ба ҳайси намояндаи Русия дар озмуни “Евровидение” интихоб шуд, ба мавҷи густардаи ҳамлаи миллатгароёни рус дучор шуда буд.

Манижа аввалин ҳунарманде нест, ки ба маҳзи мавқеаш нисбат ба ҷанги Русия дар Украина муҷозот мешавад. Моҳи май мақомоти Русия овозхони зодаи Ӯзбекистон Нарзиз Зокироваро ба қаламрави Русия роҳ надоданд ва эълон карданд, ки ӯ барои 50 сол, яъне то соли 2072 (!!!) аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карда шудааст. Наргиз Зокирова низ ҷанги Русия ба зидди Украинаро маҳкум карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. ХУДОВАНД ХОЛИ РУСХОИ МИЛЛАТЧИРО АЗ ИН БАДТАР КУНАД, КИ АЗ БАХИЛИЮ БАДИ ДИДА НАМЕТАВОНАНД ЯК ТОЧИКДУХТАРРО!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button