ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ХАТЛОН ЯК ДУХТАРИ 13-СОЛА ВА ЯК МАРДИ 51-СОЛА ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки рӯзи 7 июни соли 2022  дар вилояти Хатлон ҷасади боз ду нафарро аз об берун овардаанд. Ҷасади як духтари ҳамагӣ 13-солаи хонандаи синфи шашуми мактаби №14 аз  шаҳри Левакантро баъди 6 рӯзи ғарқ шуданаш аз даруни дарёи Вахш дар қаламрави ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кушониён пайдо кардаанд. Ҷасади сокини 51-солаи деҳаи Сари Роҳи ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхиро бошад баъди як рӯзи ғарқ шуданаш аз канали Қумсангир, якуним километр поёнтар аз маҳалли ғарқ шуданаш ёфтаанд.

Тибқи маълумоти Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон, рӯзи 7-уми июн, тахминан соати 13:45, кормандони фурудгоҳи шаҳри Бохтар аз рӯи об намудор шудани ҷасади як духтар дар қаламрави ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кушониён хабар додаанд.

Дастаи наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудааст ва ҷасадро аз об бароварда, ба сохторҳои дахлдор супоридааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, маълум гардид, ки марҳум сокини шаҳри Левакант кӯчаи М.Турсунзода, хонандаи синфи 6-и мактаби миёнаи №14 буда, ҳамагӣ 13 сол доштааст.

Бино ба маълумоти расида, ин духтари ноболиғ рӯзи 1-уми июн дар оби дарёи Вахш дар ҳудуди шаҳри Левакант, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Нурафшон ғарқ шуда буд.

Сабаби марги духтари ноболиғ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ мешавад.

Ҳамчунин рӯзи 6 июн аз нопадид шудани як сокини 51-солаи деҳаи Сари Роҳи ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхӣ хабар расида буд. Баъди пурсуҷӯи шоҳидон ва роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ, сару либоси ӯро дар соҳили канали Қумсангир, дар мавзеъи ноҳияи Ҷ. Балхӣ пайдо намуданд.

Рӯзи 07.06.2022, дар натиҷаи корҳои ҷустуҷуӣ – кофтуковӣ аз ҷониби нерӯҳои ғайриҳарбӣ ва Дастаи  махсуси зудамали  наҷоти  Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ҷасади ин мардро 1500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд ва ба хешовандонаш супурданд.

Сабаби ғарқ шудани ин мард низ маълум нест.

Танҳо аз аввали моҳи июн алакай дар бораи ғарқ шудани дастикам 5 нафар хабарҳо нашр шуданд. Ба ҳисоби КҲФ, аз аввали соли ҷорӣ алакай беш аз 30 нафар, аксаран ноболиғон дар рӯду кӯдҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд. Соли 2021 дар рӯду кӯлҳои Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ҷон бохта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button