ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

БОЗДОШТИ СЕ НАФАР БАРОИ ЛАТТУКӮБИ РОНАНДАИ ТАКСИ ДАР ДУШАНБЕ (ВИДЕО+7 АКС)

Санаи 6-уми июни соли 2022 дар канали Парвиз ТВ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва зери латукӯб қарор гирифтани як нафар ронандаи автомашинаи мусофирбар аз ҷониби гурӯҳи ашхос инъикос ёфтааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз милитсияи Душанбе дархост намудаанд, ки нисбати ҷавонони вайронкунандагони тартибот чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ нафарони қонуншикан муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас гардиданд.
Инҳо шаҳрвандон:
  Қаландаров Сӯҳроб Маҳмудович, санаи таваллудаш 18.05.1995, сокини шаҳри Душанбе ноҳияи И.Сомонӣ деҳаи Деҳнаваки Боло, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра” рақами қайди давлатиаш 6767ХН01;

Қаландаров Ҷаҳонгир Сафарович, санаи таваллудаш 08.08.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Деҳнаваки Боло;

Убайдуллоев Некрӯз Зайниддинович, санаи таваллудаш 08.02.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб деҳаи Чағатай мебошанд.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 6-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 19:40 ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҷ.Расулов ба самти кӯчаи Б.Ғафуров аз сабаби монеагӣ эҷод намудан ба ҳаракати онҳо, ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай Солярис”, рақамҳои қайди давлатиаш 9132ТТ05, Насриддинов Саъдӣ Киромиддинович, санаи таваллудаш 26.11.1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳи Болоро мавриди латтукӯб қарор додаанд. Дар натиҷа, Насриддинов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхона бистарӣ мебошад.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад. Ба се нафари дастгиршуда бар асоси ин банди қонун барои авбошии гуруҳӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ) ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button