ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУҶОЗОТИ РОНАНДАИ “МЕРСЕДЕС” БАРОИ ХУДНАМОИИ МУСОФИРОНАШ ДАР РӮЗИ ТӮЙ (2 АКС)

РВКД Душанбе  рӯзи 8 июни соли 2022 хабар дод, ки дар натиҷаи санҷиш ва баррасии навори ирсолнамудаи шаҳрвандон  ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 77 78 АК 08, Мирзоев Муҳаммадхӯҷа Муҳаммадризохӯҷаевич, санаи таваллудаш 20.02.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.

 “Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки Мирзоев Муҳаммадхӯҷа ҳангоми иштирок дар маросими тӯйи домодӣ дидаву дониста қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ба мусофирони худ иҷозат додаст, ки сарҳои худро аз тирезаҳои автомашина ба берун бароварда, бо овози баланд дағалона рафтор кунанд. Ҳамзамон номбурдагон бо ин амали худ ҳолати хатарноку садамавиро низ ба вуҷуд овардаанд”, гуфта мешавад дар иттилоия.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Мирзоев Муҳаммадхӯҷа тибқи талаботи моддаи 328 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин накардани бехатарии ҳаракат протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи муқаррароти моддаи мазкур чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шудааст. Милитсияи Душанбе шарҳ надодааст, ки ронандаро мушаххасан чӣ ҷазо додаанд, вале моддаи 328 барои эҷоди мамониат ба ҳаракат дар роҳ ваё ба вуҷуд овардани таҳдиди хатар ба ҳаракат дар роҳ ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё то 3 моҳ маҳрум кардан аз ҳаққи ронандагиро пешбинӣ мекунад.
  Ҳамзамон бо 3 ҷавоне, ки ҳангоми ҳаракат ҷони худро дар хатар гузоштаанд, суҳбатҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button