Хабарҳои кӯтоҳ
АЗ ХУД КАРДАНИ МОШИНИ “ТОЙОТА” БО РОҲИ ҚАЛЛОБӢ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи декабри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Бюк”-ро ба маблағи 119 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро баъд аз 1-моҳ оварда медиҳад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.