ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

17 КУШТА ВА БЕШ АЗ 50 ЗАХМӢ БАР АСАРИ СУҚУТИ ҚАТОРИ РОҲИ ОҲАН ДАР ЭРОН (ВИДЕО+3 АКС)

Субҳи барвақти чоршанбе, 8 июни соли 2022 бар асари аз роҳи оҳан берун шудану чаппа шудани як қатори мусофирбар дар устони Хуросони ҷанубӣ дар шарқи Эрон 17 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 50 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаим ақомот, шумори қурбониҳо метавонад боз ҳам биафзояд. Дар лаҳзаи садама дар қаторе, ки тақрибан дар 50-километрии шаҳри Табас дар як мавзеи биёбонӣ аз 7 вагон 4 вагонаш аз роҳ берун шуд, 350 нафар ҳаракат доштаанд. Табас дар тақрибан 550-километрии ҷанубушарқи Теҳрон, пойтахти Эрон ҷойгир шудааст.

Ин як мавзеи дурдаст ба ҳисоб рафта, шабакаи алоқааш хеле заиф аст, Наҷотбахшон, чархболҳо ва мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” бо мушкил ба ҷои ҳодиса расида, захмиёнро ба бемористонҳо интиқол додаанд. Вазъи дастикам 16 тан аз захмиён вазнин гуфта мешавад.

Қаторе, ки дучори садама шуд, дар роҳи байни Табас ва Язд ҳаракат мекард. Бино бар бархе хабарҳо, гӯё бархӯрди қатор бо як экскаватор сабаби садама шудааст. Вале рӯшан нест, ки дар он субҳи барвақт экскаватор дар роҳи оҳан чӣ мекард? Як мақоми маҳаллӣ гуфтааст, ки дар онҷо роҳро тармим мекардаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар роҳҳои оҳани Эрон садамаҳои пурқурбонӣ рух медиҳанд. Соли 2016 низ бар асари садамаи қатор дар Эрон даҳҳо нафар ҳалок шуданд. Вале пурқурбонитарин садама дар роҳҳои оҳани ин кишвар соли 2004 вақте рӯй дод, ки як қатори пур аз бензину нуриҳои минералӣ ва пахтаву сулфат дар наздикии шаҳри таърихии Нишопур чаппа шуд, Бар асари он садама 5 деҳа хароб шуда, ҳудуди 320 нафар ҳалок ва 460 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Тӯли роҳҳои оҳани Эрон 14 ҳазор километр баровард шудааст. Тавассути роҳҳои оҳани ин кишвар нафақат мусофирон, балки ҳаҷми бузурги молу коло низ кашонда мешаванд.

Дар роҳҳои Эрон ҳар сол бар асари садамаҳои тақрибан 17 ҳазор нафар ҷон медиҳанд. Эрон аз лиҳози сатҳи садамаҳо яке аз ҷойҳои пойинтаринро дар дунё ишғол мекунад. Риоя накардани қоидаҳои ҳаракат, мошинҳову роҳҳои фарсудае, ки ҷавобгӯи талабот нестанд, ва ҳам шабакаҳои заифи кумаки таъҷилӣ сабаби чунин сатҳи баланди маргу мир дар роҳҳои Эрон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button