ВарзишВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ МУШТЗАНИ 18-СОЛАИ ТОҶИК ИБРОҲИМ ҲАСАНОВ БАЪДИ ЯК МУСОБИҚА ДАР ЧЕЛЯБИНСК

Федератсияи бокси вилояти Челябински Русия аз марги варзишгари 18-солаи зодаи Тоҷикистон Иброҳим Ҳасанов хабар дод. Муштзани ҷавони тоҷик рӯзи 3 июни соли 2022, баъди 6 рӯзи як мусобиқа дар бемористони Челябинск ҷон додааст.

Федератсияи бокси Челябинск дар саҳифааш дар Фейсбук навишт:  “Табибон 6 рӯз барои наҷоти ҷони Иброҳим Ҳасанов мубориза бурданд. Вале ӯ рӯзи 3 июн дар бемористон ҷон дод. Дар мусобиқа ҳангоми ҷоизасупорӣ вазъи варзишгар бад шуд. Табибон дар ҷояш ба ӯ ёрии аввалро расонданд ва сипас ӯро ба бемористон бурданд. Вале бо вуҷуди кумаки тиббии касбӣ Иброҳимро аз чанги марг наҷот дода натавонистанд. Федератсияи бокси вилояти Челябинск ба наздикони Иброҳим Ҳасанов изҳори ҳамдардӣ мекунад. Б ахонаводаи боксёр кумак ва пуштибонии лозим расонда мешавад”.

Ҳоло хешу табори Иброҳим Ҳасанов асноди лозимро ҷамъоварӣ доранд, то ҷанозаи ӯро барои дафн ба ватанаш Тоҷикистон баранд.

Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, варзишгари тоҷики зодаи Тоҷикистон қаблан ба ММА машғул буд ва чанде пеш дар як мусобиқа дар ин навъи варзиш иштирок карда буд. Вале баъди аз Русия ба кишвари дигар рафтани мураббиаш, Иброҳим Ҳасанов ба бокс рӯй овардааст.

Фоҷиа рӯзи 27 май дар мусобиқаи вилоятии бахшида ба ҷашни Ғалаба рух додааст. Ҳасанов, ки дар вазни то 60 кило ҳунарнамоӣ мекард, дар марҳалаи ниманиҳоӣ аз рақибаш шикаст хӯрд, вале баъди анҷоми рақобат то кунҷи худаш рафта натавонист ва баногоҳ аз по афтод. Ба ӯ дар болои ринг кумаки аввал расонда, зуд ба бемористонаш бурданд, вале рӯзи 3 июн, баъди 6 рӯз ин ҷавони тоҷик дар рӯи кати ҷарроҳӣ ҷон бохт.

Мураббии Иброҳим гуфтааст, иллати марги ӯ ҷараёни тамринҳо ё шиддати мусобиқаи ахир буда наметавонист. Вале вазорати варзиш ва тарбияи ҷисмонии вилояти Челябинск барои тафтиши ин қазия комиссияи махсус ташкил карда, мураббии Иброҳим Ҳасанов ва довари он набарди охирини ба таври фоҷиавӣ анҷомёфтаро то анҷоми ин тафтиш аз ҳаққи фаъолият маҳрум кардаанд.

Яке аз мураббиёни маҳаллӣ ба «Комсомольская правда—Челябинск»  гуфтааст, ки набарди охирини Иброҳим аз набарди бокс дида, бештар ба латтукӯб монанд буд.

 “Иброҳим зери борони зарбаҳо монд ва ҳатто дучори нокдаун шуд, вале довар бозиро қатъ накард. Мутаассифона, ин бештар ба як занозанӣ дар кӯча монанд буд, то ба набарди бокс”, – гуфтааст ин мураббӣ.

Варзишгарони тоҷики зиёде дар Русия маҷбуранд барои таъмини зиндагии худ, саломатиашон ва ҳатто ҳаёташонро ба хатар гузошта, барои пул ба майдон бароянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button