ВидеоКоррупсия

ҲУКМИ ДУ МАСЪУЛИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ А.ҶОМӢ БАРОИ АЗ ХУД КАРДАНИ МАБЛАҒҲО

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани ду ҳолати аз они худ кардани амвол аз сӯи кормандони масъули соҳаи маорифи ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон хабар дод.

Аз ҷумла додгоҳи ноҳияи А.Ҷомӣ бо ҳукмаш аз 20 апрели соли 2022  Маҳмадёров Тӯйчӣ, корманди шуъбаи маорифи ин ноҳияро бар асоси моддаи 245, қисми 2, банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми аз они худ кардани маблағҳо ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 18 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян маҳрум кардааст.

Гуфта мешавад, Маҳмадёров Тӯйчӣ Саидбекович, сокини ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, дар вазифаи мушовири кабинетии методӣ оид ба фанҳои забону адабиёти тоҷики шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур кор ва фаъолият намуда, ҳамчун намояндаи шуъбаи маориф оиди гузаронидани маъракаи обунашавӣ ба нашрияҳои даврӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия дар назди Департаменти почтаи давлатӣ маҳсуб меёфт. Маҳмадёров, ба гуфтаи додситонӣ, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ, маблағи 37 ҳазору 241 сомонӣ аз пули барои обуна ҷамъоваришударо  аз они худ намуда, ба манфиати шахсияш истифода намудааст.

Хотиррасон мекунем, ки дар Тоҷикистон аз сокинон, бахусус аз кормандони соҳаҳои буҷавӣ маҷбур пули обунаро ҷамъ меоранд, вале бисёре аз нашрияҳо масъулияти худро дар пеши обуначиён адо намекунанд ва нашрияҳои обунашудаашонро ба онҳо намефиристанд.

Ҳамин тавр, Ашуров Фарҳод Толибҷонович, муҳосиби МТМУ, яъне мактаби миёнаи №9-и ноҳияи А.Ҷомӣ  бо ҳукми додгоҳи ин ноҳия аз 19 апрел бар асоси моддаи 245, қисми 2, бандҳои “а,г” ва моддаи 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба азонихудкунии маблағҳо ва сӯиистифода аз мақом гунаҳкор дониста шуда, ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 30 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баста шуд.

Додситонии кул гуфт, Фарҳод Ашуров “дар давраи фаъолияти кориаш дар соли 2021 бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ такроран ба азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ даст зада, дар маҷмуъ 40 ҳазору 765 сомонӣ аз маблағҳои мактабро аз они худ намуда, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои фасодзадаи дунё ба шумор меравад. Вале мунтақидон мегӯянд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дар роҳи мубориза бо коррупсия худро бо шикори моҳичаҳое, ба мисли ягон муаллим, ё корманди ҷамоат, ваё корманди комиссариати ҳарбӣ ё кумитаи замин саргарму андармон карда, ба моҳиҳои бузурги ин дарё, ки дар раддаҳои аввали ҳукумакт пуштибонҳои қавӣ доранд, аслан кор намегиранд.

Азонихудкунии амвол!

Маҳмадёров Тӯйчӣ Саидбекович, сокини ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, дар вазифаи мушовири кабинетии методӣ оид ба фанҳои забону адабиёти тоҷики шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур кор ва фаъолият намуда, ҳамчун намояндаи шуъбаи маориф оиди гузаронидани маъракаи обунашавӣ ба нашрияҳои даврӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия дар назди Департаменти почтаи давлатӣ маҳсуб ёфта, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ, маблағи 37241 сомонӣ, ки ин маблағҳои болозикр ба маблағҳои обунашавӣ маориф дохил мегардад, азонихуд намуда, ба манфиати шахсияш истифода намудааст.

      Прокурори ноҳияи А.Ҷомӣ, нисбати Маҳмадёров Т.С., бо моддаи 245 қисми 2 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

       Бо ҳукми суди ноҳияи А.Ҷомӣ, аз 20 апрели соли 2022 Маҳмадёров Т.С., бо моддаи 245 қисми 2 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 18000 сомонй ба фоидаи давлат ва бо маҳрум намудан аз ишғоли мансаби муайян ҷазо таъин карда шудааст.    

Азонихудкунии амвол!

Ашуров Фарҳод Толибҷонович, дар вазифаи муҳосиби МТМУ №9-и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар соли 2021 бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ такроран ба азонихудкунии маблағҳои бӯҷетӣ, даст зада, дар маҷмуъ 40,765 сомонии муассисаро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.

      Прокурори ноҳияи А.Ҷомӣ, нисбати Ашуров Ф.Т., бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои “а,г” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

     Бо ҳукми суди ноҳияи А.Ҷомӣ, аз 19.04.2022 сол Ашуров Ф.Т., бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои “а,г” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба малағи 30000 сомонӣ ба фоидаи давлат, бидуни маҳрум намудан аз ишғоли мансаби муайян таъин карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Дар мактаби мту 30 ноҳияи А. Ҷоми Тагоев Парвиз ки директори ин муассиа мебошад ба хонандагон синҳои 9 ва 11 атетсат ё инки номаи камолро ба маблағи 50 сомони фурухтестай яъне аз ҳар як хонанда барои атетсат 50 сомони талаб кардестай

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button