ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЁВОН ЯК СОҲИБКОРРО БАРОИ БО ДОЛЛАР ФУРӮХТАНИ ЧӮБУ ТАХТААШ ҶАРИМА БАСТААНД

Додгоҳи ноҳияи Ёвон бо ҳукмаш аз 12 майи соли 2022 соҳибкор Қарлиқов Нусратулло Қудратуллоевич, сокини деҳаи Эшмаи ҷамоати Норинро бар асоси қисми дуюми моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ  гунаҳкор шинохта, ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар 25 ҳазору 600 сомонӣ (ё  беш аз 2200 доллар) ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 июн дар шарҳи ин парванда гуфт, “Нусратулло Қарлиқов ҳамчун фурӯшанда дар мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, воқеъ дар бозори Панҷшанбеи ноҳияи Ёвон, кору фаъолият намуда, санаи 03 марти соли 2022, тахминан соатҳои 12:30 ба харидори шартӣ Вайсиддинов Баҳовиддин Ваҳобович, як микдор масолеҳи сохтмонӣ аз қабили тахта, шифер, қубур ва дигар намуди масолеҳи сохтмониро дар маҷмӯъ ба маблағи 33,570 сомонӣ, мутаносибан бо асъори хориҷӣ 3000 доллари ИМА нархгузорӣ намуда, маблағи 3000 долларро ғайриқонунӣ гирифта, масолеҳи сохтмониашро ба харидори шартии номбурда фурӯхтааст”.

 Он харидори шартӣ, тавре маълум шуд, одами мақомот будааст ва дар пайи он додугирифт Қарлиқовро дастгир кардаанд.  Прокурори ноҳияи Ёвон нисбати Карликов Н.Қ., бар асоси моддаи 286, қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд.

Муомилот бо асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин тараф мамнӯъ гардида, моддаи 286 барои чунин амал ҳамчун ҷазо аз ҷарима то ҳукми зиндон ба муҳлати то 9 солро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button