ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

БОЗДОШТИ СОКИНОНИ ИШКОШИМ БАРОИ ЛАТТУКӮБИ САРБОЗОН ВА ДАЪВАТ БА МИТИНГ (ВИДЕО)

ТВ “Бадахшон” хабар дод, ки алайҳи Додалиев Зоҳир, сокини деҳаи Дашти ҷамоати ба номи Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба марзбонон ва латтукӯби онҳо ва ба зидди Ниёзмамад Ниёзмамадов, мудири хоҷагии мактаби ин деҳа бо иттиҳом авбошӣ , таҳқири марзбонон ва даъвати аҳолӣ ба митинги эътирозӣ  парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудаанд.

Бино ба ин гузориш, рӯзи 22 майи соли 2022 ду сарбози қисми марзбонии 0411 Додалиев Зоҳир Бахталиевич, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Дашти ҷамоати ба номи Юсуфбекови ноҳияи Ишкошимро дар хатти марз дар соҳили дарёи Панҷ боздошт карда, бо ӯ “суҳбати фаҳмондадиҳӣ” гузарондаанд. Ба гуфтаи мақомот, Зоҳир Додалиев аз паси қасосгирӣ афтода, рӯзи 24 май ба сарбозоне, ки аз деҳаи Дашт ба тарафи посгоҳи марзбонӣ мерафтанд, ҳамла оварда, яке аз онҳоро латтукӯб кардааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ӯ баъди ин ҳам қаноат нокарда, ҳамроҳ бо ду хонандаи синфҳои 10 ва 11 аз мактаби миёнаи №19 маслиҳат кардааст ва онҳо мехоҳанд ба рӯ ниқоб кашида, боз ба сарбозон ҳамла кунанд, вале мақомот аз ин ҳамла пешгирӣ карда, Додалиев ва ҳаммаслакони ноболиғашро дастгир кардаанд.

Бино ба ин гузориш , Ниёзмамад Ниёзмамадов, соли таваллудаш 1975, сокини деҳаи Дашт ва мудири хоҷагии мактаби миёнаи №19 ба он айбдор мешавад, ки дар байни сокинон нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисси нафрату бадбиниро тарғиб намуда, мардумро ба гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба мисли эътирозҳои Хоруғу Рӯшон даъват кардааст.  Ниёзмамадов ҳамчунин ба он айбдор мешавад, ки дар маркази деҳа марзбононро боздошт карда, дар пеши чашми издиҳом шаъну шарафи онҳоро бо дашномҳои қабеҳ паст задааст.

Худи Додалиев ва Ниёзмамадов ва дастгиршудаҳои дигар дар ин гузориш ба гуноҳи худ эътироф мекунанд, вале маълум нест, ки ин эътироф дар чӣ шароите ба даст оварда шудааст? Назари наздикон ва вакилони дастгиршудаҳо дастрас нест. Ин ҳам маълум нест, ки оё ин сокинони деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошим аслан ба вакили дифоъ дастрасӣ доранд ё на?

Хабари боздошти сокинони деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошим бо иттиҳоми латтукӯбу таҳқири марзбонон ва даъват ба митингҳои эътирозӣ дар ҳолест, ки моҳи май мақомот эътирозҳо дар Хоруғу Рӯшонро бо истифода аз нирӯ саркӯб карданд.

Созмони Милал гуфт, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон беш аз 40 нафар кушта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мақомотро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯ ва силоҳҳои ҷангӣ ба зидди эътирозгарон айбдор мекунанд. Вале мақомот саркӯби эътирозҳоро “амалиёти зиддитеррористӣ” номида, иддао доранд, ки дар ҷараёни ин амалиёт аъзои гуруҳҳои ҷиноятӣ ва ифротию террористӣ куштаву захмӣ ва дастгир шуда, касе аз сокинони осоишта осеб надидааст. Вале манобеи гуногун аз Бадахшон мегӯянд, ки мақомот болои мардуми бесилоҳ тир кушоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button