ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ТАЪҚИБОТ БАС ШАВАД! ИЗҲОРОТИ СОЗМОНҲОИ ЖУРНАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Дар пайи  бозпурсии панҷсоата ва латтукӯби журналист ва блогери шинохта Далери Имомалӣ аз ҷониби мақомоти ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як гуруҳи созмонҳои журналистии Тоҷикистон (ба истиснои Иттифоқи журналистон), лату кӯб, фишор ва зери таҳдид пок кардани чанд матлаби ин журналист дар таърихи 4 июн, ҳамчунин лату кӯби хабарнигори Радиои “Озодӣ” – Муллораҷаб Юсуфзода, монеъ шудани ба фаъолияти касбии хабарнигорони дигари ин расона – Барот Юсуфӣ, Анушервон Орифов, Насим Исамов (17 майи 2022) ва аз онҳо мусодира кардани телефону дастгоҳҳои наворбардорӣ, мусодираи телефону компутари хабарнигори “Азия-Плюс” Рамзия Мирзобекова (19 майи 2022)-ро маҳкум карда, аз ин ҳодисаҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 6 июн  аз номи  10 созмон:

1.  Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

 2. Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон

3. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

 4. Ташкилоти ҷамъиятии “Хома”

5. Созмони ҷамъиятии “Машварати расонавӣ”

 6. Медиа Алянси Тоҷикистон

7. Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”

8. Рӯзномаи “Садои мардум”

 9. Ҳафтаномаи “СССР”

10. Ҳафтаномаи “Минбари халқ” нашр шуд,  гуфта мешавад, “Тоҷикистон ҳамчун кишвари демкоратӣ ва ҳуқуқбунёд дар қонунгузории худ, аз ҷумла Конститутсия озодии баёнро замонат (кафолат) дода, сензура, аз ҷумлаи сензураи давлатиро манъ кардааст. Аз ин лиҳоз нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва блогнависон аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои дигар норавост.”

Зикр шудааст, ки Тоҷикистон менеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигориро ҷиноят эътироф карда, барои чунин амал дар моддаи 162 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ ҷазо муқаррар кардааст.

(Моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон. Дар ҳар шакле, ки набошад, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист).

Созмонҳои рӯзноманигорӣ ин гуна фишору таъқиб, лату кӯб ва монеъ шудан ба фаъолияти расонаҳо (қазияи ахири гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” – дар пайи фишорҳои мақомот ва хатари баста шудан аз бозтоби рӯйдодҳои вобаста ба ВМКБ канора рафтани он) ва рӯзноманигоронро хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дониста, мутмаинанд, ки ин кор аз сӯйи мақомоти давлатӣ боиси паст шудани обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон ва раҳбарии сиёсии он дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мешавад.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ қазияҳои вақтҳои ахирро фишор ба озодии баён ва расонаҳову рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ҳамчун меъёри конститутсионӣ дониста, идомаи ёфтани онро ба зарари ҷомеаи Тоҷикистон медонад. Хусусан дар шароити имрӯзи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумлаи вазъи сиёсӣ ва минтақаи геополитикии Тоҷикистон эҷоди беэътимодӣ дар миёни ҷомеаи рӯзноманигорӣ хилофи манфиатҳои Тоҷикистон аст. Талоши ҳамаи қишрҳо бояд барои иттиҳод ва ҳамбастагии ҳамаи ниҳоду бахшҳо, аз ҷумла расонаҳо ва рӯзноманигорон дар ҳифзи фазои иттилотӣ ба манфиати сулҳу субот ва рушди устувори кишварамон бошад.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ бар инанд, ки озодии баён арзиши беназир аст ва набояд таҳти ҳодисаҳо ва баҳонаҳои дигар ба фаъолияти расонаҳо ва рӯзноманигорон монеъгузорӣ шавад ва танзими ҳуқуқии он бояд танҳо дар доираи қонун ва бо риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва назокатҳои ахлоқиву инсониву миллӣ сурат бигирад.

БО НАШРИ ИН ИЗҲОРОТИ МУШТАРАК ВА БАЁНИ НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪИ БААМАЛОМАДА, СОЗМОНҲОИ РӮЗНОМАНИГОРӢ ЗАРУР МЕДОНАД, КИ:

1. Фишору таҳдид ва таъқибу лату кӯби журналистон дар Тоҷикистон бас карда шавад;

2. Мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қонунгузории кишварро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя кунанд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд;

3. Омилони нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон, аз ҷумла Муллораҷаб Юсуфӣ ва Далери Имомалӣ пайдо ва мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд;

4. Қазияҳои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорон аз сӯйи мақомоти зидахл мӯшикофона таҳқиқ ва омилони ин аъмол мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мақомоти давлатӣ бояд ба ин гуна қазияҳо ҷиддӣ бархӯрд кунанд ва омилони онро пайдо ва барои ҷомеаи муаррифӣ кунанд.

Ҳамзамон, мо ба ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва рӯзноманигорон тавсия медиҳем, ки бо дарки манфиатҳои миллии Тоҷикистон, авзои минтақа ва ҷаҳон, дар доираи қонунгузории кишвар ва меъёру стандартҳои касбиву ахлоқӣ кори худро роҳандозӣ кунанд ва ҳамчун қишри пешсафи фарҳангиву қонунписанди ҷомеаи шаҳрвандӣ шаҳомати ҳирфаӣ ба намоиш бигузоранд.

Далери Имомалӣ рӯзи 4 июн бо нашри як видео хабар дод, ки рӯзи 4 июни соли 2022 аз соати 11 тайи 5 соат аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бозпурсӣ шудааст. Далери Имомалӣ гуфт, дар ҷараёни ин бозпурсӣ нисбаташ аз хушунат ҳам кор гирифтаанд ва чанд мушту шаппотӣ ба сару рӯяш задаанд. Далери Имомалӣ гуфт, бозпурсӣ дар мавзӯи ду видеои ахири ӯ дар бораи вазъи хонаводаҳое буд, ки хонаҳояшонро дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур чаппа кардаанд. Ӯ гуфт, аз вай ҳамчунин хоҳиш ва талаб кардаанд, ки  ҳарду видеоро аз Панҷшер аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз Ютуб пок кунад. “Ҳам хоҳиш буд ва ҳам талаб. Ва мо ин видеоҳоро гирифтем”, гуфт Далери Имомалӣ.

Ин журналист ва блогери ҷавони тоҷик дар чанд моҳи охир бо силсилаи видеоҳояш дар мавзӯъҳои доғи ҷомиаи Тоҷикистон сарусадои зиёде ба по кард ва дар як муддати кӯтоҳ шумораи обуначиёни канали Далери Имомалӣ дар Ютуб қариб ба 140 ҳазор нафар расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button