Хабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАРИ СЕ МОШИН ДАР РОҲИ КӮЛОБ ВА ДУЗДӢ АЗ МАҒОЗАИ СОКИНИ СПИТАМЕН

Субҳи 5 июн, бар асари бархӯрди се мошин дар роҳи байни ҷамоати Зиракӣ ва шаҳри Кӯлоб як мусофири 70-сола маҷруҳ шуда, як ҷавонзани 23-сола ҷон бохтааст.

ххххххххххххххххх

Як ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов ба он айбдор мешавад, ки шаби 15 ба 16-уми майи соли 2022, тахминан соати 01:35, пинҳонӣ ба мағозаи хусусии сокини 52-солаи ноҳияи Спитамен даромада, 8 ҳазор сомонӣ ва як телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 6 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

2022-06-06 10-24-13

5-уми июни соли 2022, тахминан соати 09:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Ғафуров Диловар, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба самти маркази шаҳри Кӯлоб, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада ба қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Носиров Ибни-Сино Шарипович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри мазкур бархӯрда, баъди он ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиэло”, таҳти идораи Маҷидов Мадалӣ Тағаевич, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Кӯлоб бармехӯрад.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, Асроров Намозхуҷа Сайдаҳмадович, соли таваллудаш 1952, ба саломатиаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст ва Шукронаи Баҳодурхон, соли таваллудаш 2000, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Даст ба дуздӣ задани ноболиғи 17-сола

vor-0504

Нисбати ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд, бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Номбурда шаби 15 ба 16-уми майи соли 2022, тахминан соати 01:35-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хусусии марди 52-солаи сокини ноҳияи Спитамен даромада, аз дохили хазинааш 8 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазору 220-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button