Коррупсия

ЯК МАСЪУЛИ ВОЕНКОМАТИ ШАҲРИНАВ БАРОИ БИЛЕТИ ҲАРБИИ КОРНОШОЯМ 10 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ТАЛАБ КАРДААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 6 июни соли 2022 дар сомонаи расмиаш аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи  Нарзуллоев Сайёдҷон, сардори  ҳамакнун собиқи зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав хабар дод. Нарзуллоев бар асоси моддаи 247, қисми 2, банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаллобие, ки боиси расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Нарзуллоев Сайёдҷон Боймуродович дар вазифаи сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи хизмати ҳарбии корношоям маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомониашро гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб намудааст.  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нарзуллоев С.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2000 сомонии дигар дар ҷой ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”.

Ба Сайёдҷон Нарзуллоев бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё бештар аз 5 доллар) ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора ба даст афтода дар ниҳоят бо ягон ҷарима халос хӯрда, аз ҳукми зиндон озод карда мешаванд.

Мавридҳои навбанави талоши гирифтани билети ҳарбӣ дар ивази пора дар ҳолест, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ба қонуни уҳдадории ҳарбӣ тағйирот ворид карда шуд ва бар асоси он, онҳое, ки имкон ё хоҳиши адои ду сол хидмати ҳатмии ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври қонунӣ бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (26 ҳазору 880 сомонӣ) ба ҷои ду сол ҳамагӣ як моҳ хидмати кӯтоҳи ҳарбиро ба ҷо биоранд ва соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button