ВидеоМуҳоҷирон

ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИК  БА ҚАТЛУ ҒОРАТИ КОРФАРМОЯШОН АЙБДОР МЕШАВАНД

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 2004 ва 1990, бо иттиҳоми қатли бераҳмона ва ғорати корфармояшон дар шаҳри Чекалини вилояти Тулаи Русия айбдор мешаванд. Сухангӯи ВКД Русия Ирина Волк хабар дод, ки ҳарду гумонбарро бо изи гарм дастгир кардаанд: Гумонбари 18-сола рӯзи 5 август, соати 10 дар фурудгоҳи Жуковский ҳангоми кӯшиши фирораш ба Тоҷикистон дастгир шудааст ва гумонбари дуюм соати 12:25 дар вилояти Ленинград.

Нашрияи маҳаллии «Мысло» хабар дод, ки сабаби муноқиша байни корфармо ва мардикорон метавонад аз пардохти пули талабкардаи мардикорон саркашӣ кардани корфармо шуда бошад. Бо ҳар вуҷуд, ба ин ду муҳоҷири тоҷикистонӣ акнун барои куштори бераҳмона ва ғоратгарӣ тибқи қонунҳои Русия то ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Бино ба фарзия тафтишот, рӯзи 4 июни соли 2022, ду муҳоҷир, ки дар ҳавлии соҳибкори 52-сола аз шаҳри Чекалин ва ҳамсари 50-солаи ӯ корҳои хоҷагиро анҷом медоданд, бо мақсади ғорати пулу мол ба соҳибони хона ҳамла кардаанд. Дар натиҷаи латтукӯб мард дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Сипас мардикорон ҳамсари ӯро латтукӯб карда, бо таҳдид бо корд маҷбур кардаанд, ки дари говсандуқ, яъне сейфашонро кушоянд. Бахди ин онҳо беш аз 2 миллионро рабуда, дасту пои занро баста, ӯро ба ҳавз партофтаанд ва худашон рӯ ба фирор овардаанд. Зан тавонистааст баъди рафтани онҳо дасту пояшро кушода, аз об барояд ва ба пулис занг бизанад.

Нашрияи “КП-Тула”  бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки зану шавҳари ғоратшуда мудир ва муовини мудири ширкати ООО «Белая дверь» будаанд.  Бино ба ин манобеъ, субҳи барвақти 5 июн, соати 04:55  зан ба пулис занг зада, хабар додааст, ки аз соати 18 шоми 4 июн то соати дуи шаби 5 июн мавриди латтукӯб аз ҷониби мардикоронаш қарор дошт. Зан гуфтааст, ки мардикорҳо 2 миллион рубл, 5 000 доллар, 5 000 евро, телефон, планшет ва ҷавоҳироти онҳоро, дар маҷмӯъ ба маблағи қариб 3 миллион рубл пулу молашонро ба яғмо бурдаанд.

Пулис ба ҷои ҳодиса: шаҳри Чекалини вилояти Тула, кӯчаи Стрелетская, 65 омада, дар  ҳавлӣ, дар чуқурии тақрибан 30 сантимер ҷасади шавҳари ин занро пайдо кардаанд.

Пулис аломатҳо, ё худ ориентировкаи гумонбаронро билофосила паҳн кард ва алакай соати 10:00 пулиси фурудгоҳи Домодедово якҷо бо кормандони марзбонӣ дар фурудгоҳи Жуковский гумонбари аввал – шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистонро дастгир кардааст. Соати 12:25 гумонбари дуюмро кормандони ГИБДД (пулиси роҳ) дар ҳудуди ноҳияи Тоснои вилояти Ленинград боздошт карданд.

Раёсати тафтишоти вилояти Тула хабар дод, ки дар робита ба ин ҳодиса  бар асоси чанд банди Кодекси ҷиноятии Русия: қисми дуюми моддаи  105 (куштори гуруҳӣ), моддаи 162 (ғоратгарӣ) ва қисми сеюми моддаи 30-қисми дуюми моддаи 105 (сӯиқасд ба куштори гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба зодагони Тоҷикистон барои ғоратгарӣ аз 8 то 15 соли зиндон ва барои куштору қасди куштор аз 8 то 20 соли зиндон ва ҳатто ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button