Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ЯК РӮЗИ 5 ИЮН БОЗ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ДУ НАФАР ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 6 июни соли 2022 хабар дод, ки наҷотбахшони ин ниҳод тайи рӯзи гузашта ҷасади ду ҷавони ғарқшударо аз об берун овардаанд.

Як ҳодисаи нохуш дар ҳудуди карери № 9  обанбори шаҳри Норак рӯй додааст. Дар инҷо як сокини 30-солаи ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудааст.

Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ наҷотбахшони шаҳри Норак ҷасадро аз об бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ҳодисаи дуюм дар ноҳияи Рашт дар шарқи ҷумҳурӣ рух додааст. Як навраси 16-сола аз шаҳраки Ғарм, маркази ноҳияи Рашт ҳангоми моҳигирӣ дар дарёи Сурхоб низ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шуд. Наҷотбахшони минтақаи Рашт дар натиҷаи амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасади ин ҷавонро пайдо карда, аз об бароварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Қаблан, рӯзи 4 июн Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки наҷотбахшонаш билохира баъди ҷустуҷӯҳои дурӯза ҷасади як сокини 18-солаи шаҳри Ваҳдатро, ки дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуда буд, пайдо карданд ва ба кормандони милитсия супурданд.

Ин ҷавон рӯзи 2-уми июн ғарқ шуда буд ва то ҳол сабаби ин ҳодиса маълум нест. Аммо тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҷавон замоне ғарқи об шудааст, ки дар як макони мамнуъ моҳигирӣ мекардааст.

Ба ҳисоби КҲФ аз аввали соли ҷорӣ алакай беш аз 30 нафар, аксаран ноболиғон дар рӯду кӯдҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд. Соли 2021 дар рӯду кӯлҳои Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ҷон бохта шуданд.

КҲФ дар пайи ҳодисаи ахир  аз сокинон хостааст, ҳангоми оббозӣ ва ё моҳидорӣ аз маконҳое истифода кунанд, ки иҷозат дода шудаанд. “Риояи қоидаҳои бехатарӣ шуморо аз хатарҳои эҳтимолӣ нигоҳ медорад”, – таъкид кардааст ин ниҳод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button