ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

5 АКС + ВИДЕО+18: ҲАЛОКАТИ ДУ ҶАВОНИ 18-СОЛА ВА ЗАХМӢ ШУДАНИ 9 КАС ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри 5 акс аз ҷои ҳодиса аз як садамаи мудҳиш дар маркази Душанбе хабар дод. Дар ин садама ду ҷавон ҳалок ва 9 нафар захмӣ шудаанд. Ҷавонони ҳалокшуда ҳарду ҳамагӣ 18 сол доштанд.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, субҳи 5 июни соли 2022, соати 09:16 ба қисми навбатдории ин кумита дар бораи як садама дар маркази Душанбе хабар додаанд.

Кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи пойтахт ба ҷои ҳодиса рафта, муайян карданд, ки ронандаи мошини сабукрави тамғаи “Тойота Кемри”, сокини 18-солаи Душанбе дар болои пули Путовский  аз уҳдаи идораи мошинаш баромада натавониста, ба автобуси шаҳрии мусофиркаш бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи “Тойота” ва як мусофираш, ки ӯ ҳам ҳамагӣ 18 сол дошта, сокини пойтахт будааст, дар ҷои садама ҷон бох та, 9 мусофири автобус ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Маҷруҳонро ба Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (бемористони Қараболо) интиқол дода, наҷотбахшон бо истифода аз таҷҳизоти махсус  ҷасадҳои ду ҷавони ҳалокшударо аз мошини “Тойота” берун кашида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

ВКД Тоҷикистон ахиран исми қурбониёни ин садамаро нашр кард ва хабар дод, ки “5-уми июни соли 2022, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камри», Шарифов Ҳамадонӣ Салимович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи А.Сино ба самти кӯчаи Сомонӣ ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи мусофиркашонии тамғаи «Автобус Акиа», таҳти идораи ронанда Саидов Аюбҷон Сафаралиевич, соли таваллудаш 1989, сокини пойтахт, ки ба хатсайри №18-ум ҳаракат мекард, бармехӯрад. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камри», Шарифов Ҳ.С. ва мусофири дохили он Раҷабов Хуршед, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ходиса ба ҳалокат мерасанд.”

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир беэҳтиётии ронандагон ҳангоми истифодаи телефонҳои мобил  ба як сабаби дигари умдаи садамазо табдил ёфтааст.

Дар робита ба садамаи ахир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон хостааст, ки дар роҳ аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, тамоми қоидаҳои ҳаракат, аз ҷумла суръатро қатъан риоя кунанд.

Дар бораи садама дар болои пули Путовский расман шарҳе надода шудааст, вале Parviz.tv бо нашри видео аз маҳалли садама ва видеоҳои қаблии ронандаи “Кемри” навишт, ки ин ҷавони соли таваллудаш 2004 дӯстдори бо суръати баланд рондани мошин буда, мошинрониҳояш бо суръати баландро ба навор гирифта, дар саҳифаи худ дар Инстаграм нашр мекардааст.

“Барои чӣ дӯстон ва наздикони ин ҷавон ин наворҳоро дида, барои пешгирии тез рондани мошин ягон чора надиданд? Ин ҷавон тамошобини Парвиз ТВ буда, ва албатта наворҳои моро ки садамаҳоро нашр мекунем, дидааст. Вале афсӯс ягон хулоса набаровардааст. Тамошобини азиз! Хулосаи худро бароред, мошинро тез наронед. Дар хотир нигаҳ доред,ки шуморо дар хона Падар, Модар, зану фарзанд, додару хохар интизор ҳастанд! Гузаштагонро Худо раҳмат кунад!”  – навиштааст Парвиз ТВ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button