ВидеоМуҳоҷирон

107 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БАРОИ ЯК “АҲМАҚ” АЗ РУСИЯ ПЕШ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Троитскийи шаҳри Маскав ҳафтаи гузашта (рӯзи 1 июни соли 2022)  дар мавриди ба Боздоштгоҳи шаҳрвандони хориҷии рӯ ба ихроҷ интиқол додани як гуруҳи бузурги муҳоҷирони тоҷику ӯзбек 107 қарор қабул кард. Ин муҳоҷирон дар пайи занозании рӯзи 1 апрел дар маҳалли сохтмони бинои истиқоматии гаронбаҳои ЖК «Сердце столицы» дар мавзеи Шелепихинская набережнаяи шаҳри Маскав бо ҷурми майдаавбошӣ ба ҷавобгарӣ кашонда шуда, дар пай Раёсати масоили муҳоҷирати пулиси шаҳри Маскав қарори депортатсияи онҳоро аз Русия баровард.

Додгоҳи ноҳияи Троитский  ҳукми то 90 рӯзи оянда дар боздоштгоҳи муҳоҷирон нигоҳ доштани ин муҳоҷирони тоҷику ӯзбек ва ихроҷи онҳоро содир кард.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 6 июн ба “Азия Плюс” гуфт, ки аз байни шаҳрвандони тоҷики баъди он занозанӣ дастгиршуда танҳо 23 нафарашро аз Русия ихроҷ мекунанд. “Қарори депортатсияи онҳо бо назардошти қаблан ҳам вайрон кардани қоидаҳои будубош дар кишвари мизбон содир шудааст “, – шарҳ додаанд дар сафорат.

Бино ба хабарҳо, занозании гуруҳии субҳи 1 апрел байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҳалли сохтмони бинои истиқоматии гаронбаҳои ЖК «Сердце столицы» аз муноқишаи ночизи байни ду муҳоҷир сар шудааст. Гуфта мешуд, ки гӯё як коргари тоҷик як коргари дигар аз Ӯзбекистонро “дурак” (“аҳмақ”) гуфтааст ва  баъди онки ин ду нафар дастбагиребон шуданд, муҳоҷирони боқимонда ҳам ба муноқиша ҳамроҳ шудаанд.

Бино ба иттилои Агентии муҳоҷирати берунии Ӯзбекистон, дар пайи занозанӣ дар маркази Маскав 41 коргар аз Тоҷикистон ва 85 нафар аз Ӯзбекистон боздошт шуданд.

Расонаҳои русӣ хабар доданд, ки кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, тарафҳои даргирро ҷудо карданд. Хушбахтона, касе осеб надидааст, вале дар пайи он занозанӣ 126 нафарро дастгир  карда,  бо иттиҳоми майдаавбошӣ ба ҷавобгарӣ кашонданд.

Ҳоло муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳо метавонанд аз Русия ихроҷ кунанд. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button