ВарзишВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ТОҶИКИРО ФАРОМӮШ НАКАРДААСТ! ШОРЕҲИ ТОҶИК – ДАР МЕҲМОНИИ АНДРЕЙ АБДУВАЛИЕВ (ВИДЕО)

Шореҳи шинохтаи варзиши тоҷик Аловиддин Бӯриев, ки барои инъикоси як мусобиқаи байналмилалӣ ба Тошканд рафтааст, бо истифода аз ин фурсат меҳмони варзишгари шуҳратёри тоҷикистонӣ, қаҳрамони Олимпиадаи соли 1992 дар Барселона, Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, гурзандоз Андрей Абдувалиев шудааст. Андрей Абдувалиев аз соли 1993, инак қариб 30 сол боз дар Тошканд ба сар мебарад ва солҳои зиёде боз президенти Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбекистон аст.

Вале тавре аз ҷараёни суҳбати Андрей Абдувалиев бо Аловиддин Бӯриев бармеояд, варзишгари шуҳратёр бо вуҷуди солҳои зиёди зиндагӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон забони тоҷикиро фаромӯш накардааст. Вақте шореҳи варзиши вориди ҳуҷраи кории Абдувалиев шуд, ӯ аз ҷояш баланд шуда, бо забони тоҷикӣ Аловиддин Бӯриевро хушомадед гуфту аҳволпурсӣ кард ва тоҷикона ба оғӯш кашид. Ӯ дар ҷараёни суҳбаташ аз солҳои зиндагиаш дар Тоҷикистон хеле бо гармӣ ёдоварӣ кард  ва гуфт, дилаш то ҳол ба ёди он даврон гум мезанад.

Андрей Ҳакимович Абдувалиев 30 июни соли 1966 дар шаҳри Ленинград (ҳоло: Санкт Петербурги Русия) ба дунё омада, вале дар шаҳри Душанбе ба воя расидааст.

Андрей Абдувалиев дар Душанбе ба машқи варзиш пардохт ва дар гурзандозӣ унвони Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравиро ба даст оварда, соли 1992 дар Олимпиадаи Барселона дар ҳайъати тими олимпии СНГ унвони қаҳрамони олимпиро ба даст овард.

Абдувалиев ҳамин тавр, ишқи худро низ дар Душанбе ёфт. Ду писари ӯ ва Лола Қодирова, узви тими чавгонбозони Тоҷикистон низ дар пойтахти Тоҷикистон ба дунё омадаанд.

Баъди шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Андрей Абдувалиев ба Тошканд кӯчид ва солҳои 1993 ва 1995 алакай дар ҳайъати тими миллии Ӯзбекистон ду дафъа сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон дар гурзандозӣ шуд. Баъди хатми собиқаи варзишӣ Андрей Абдувалиев чандин сол дабири кулли Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбекистон буд ва сипас президенти ин федератсия интихоб шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button