ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

МАРГИ ФОҶИАВИИ РЭПСАРОИ 21-СОЛАИ ТОҶИК СТЁПА (ИДИБЕК НАБИЕВ) ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Рэпсарои ҷавони тоҷик Идибек Набиев, ки  дар байни мухлисони рэп бо тахаллуси Стёпа маъруф буд, рӯзи 5 июни соли 2022  дар  шаҳри Маскав вафот кардааст. Ӯ ҳамагӣ 21 сол дошт. Бисёре аз ситораҳои рэпи тоҷикӣ аз марги Стёпа дар чунин синни ҷавон изҳори андӯҳ карда, ба наздикону мухлисонаш ҳамдардӣ баён кардаанд.

Дар бораи сабаби марги Стёпа маълумоти аниқ ҳанӯз дастрас нашудааст. Танҳо яке аз дӯстонаш хабар дод, ки  гӯё субҳи 5 июн дар яке аз фурӯшгоҳҳои Маскав лифт Стёпаро пахш кардааст. Бино ба нақли ин дӯсташ, лифт аввал як пои овозхонро пахш кардааст, вале вақте ки ӯро аз зери лифт берун кашидаанд, Стёпа алакай ҷон дода буд. Сабаби зери лифт мондани ӯ маълум нест, ки оё ӯ дар он фурӯшгоҳ кор мекард ваё тасодуфан барои ягон харид ба онҷо рафта буд?

Бино ба иттилои пойгоҳи мусиқии Оvozz.ru, Стёпа  дар Донишкадаи забонҳо дар риштаи забони англисӣ таҳсил мекард, киноро дӯст медошт ва ҳамчунин ба варзиш машғул буд. Гуфта мешавад, ки устоди ӯ Бахтиёр Қаландаршоев будааст.

Бархе клипҳои Стёпа дар Ютуб аз як то якуним миллион тамошобин ҷамъ меоварданд. Стёпа ҳамин тавр дар баттлҳо, яъне набардҳои байни рэпсароён, ки хонандаҳои рэп барои намоиши  ҳунари бадоҳатан дар сабки рэп шеър гуфтани худ сабқат мекарданд, низ хеле фаъол буд.

Маълум нест, ки оё ӯ ба Маскав барои муҳоҷирати корӣ рафта буд ё бо ягон ҳадафи дигар. Дар баробари садҳо ҳазор аз сокинони Тоҷикистон, бисёре аз овозхонҳои тоҷик ҳам маҷбур мешаванд, барои таъмини зиндагии худ ба Русия ва кишварҳои дигар ба мардикорӣ бираванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button