РОССЕЛХОЗНАДЗОР 18,5 ТОННА ЗАРДОЛУИ ТОҶИКИСТОНРО БА РУСИЯ РОҲ НАДОД

Раёсати Росселхознадзори вилояти Оренбурги Русия хабар дод, ки кормандонаш рӯзи 1 июни соли 2022 дар анбори “Уралкомплект” ҳангоми назорати фитосанитарии 18,5 тонна зардолуи аз Тоҷикистон овардашуда як навъ ҳашароти зараровари дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕвразЭС) маҳдудшуда бо номи персиковая плодожорка (Carposina sasakii Matsumura), яъне кирми шафтолуро пайдо кардаанд.
Ташхиси ин бори зардолу аз ҷониби ташхисгоҳи раёсати Росселхознадзори вилояти Оренбург (ФГБУ «Оренбургский референтный центр Россельхознадзора») низ вуҷуди ҳашароти таҳти карантинро нишон додааст.
Дар натиҷа Росселхознадзор ба қаламрави Русия даровардани ин 18,5 тонна зардолуи Тоҷикистонро манъ карда, нафари гунаҳкорро бар асоси моддаи 10.2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Ба соҳиби бор ҳамчунин амр додаанд, ки борашро безарар гардонад.