Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҶАРИМАИ ЯК САГБОЗ БАРОИ БЕРАҲМӢ НИСБАТ БА ҲАЙВОНОТ ВА ИСТГОҲРО ШИКАСТАНИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ

Сокини 32-солаи кӯчаи Ҷамилаи ноҳияи Сино Аъзамҷон Қудратов барои бераҳмӣ бо ҳайвонот 320 сомонӣ ҷарима баста шуд. РВКД Душанбе гуфт, Қудратов сагбоз буд ва “мунтазам нисбати ҳайвонот махсусан сагҳои хурдҷуссаву хурдсол бераҳмӣ намуда, бо саги ҷангии худ, ки зоти «Питбул» мебошад миёни ҳамдигар ҷанг меандохтааст. Аз ҷумла санаи 16-уми майи соли ҷорӣ низ дар натиҷаи чунин муносибати бераҳмона бо ҳузури кӯдакони хурдсол сагҷанг ташкил намудааст, ки дар натиҷа саги ҷангии номбурда саги заиферо ба ҳалокат расонидааст”.

ххххххххх

Сокини 40-солаи кӯчаи Чапаев Фирӯз Давлатовро бо ҷурми майдаавбошӣ 10 шабонарӯз ҳабс кардааст. Милитсияи пойтахт гуфт, Давлатов рӯзи 1 июн дар назди маркази савдои “Ёвар”  як муштариро латтукӯб кардааст.

ххххххххххх

Хонандагони синфи 7-и Литсейи рақами 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе  ба он айбдор карда мешаванд, ки санаи 3-юми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 13:40 бо мақсади худнамоӣ такягоҳи истгоҳи автобусро шикаста, ин кори худро ба навор гирифтаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти РВКД Душанбе

Баррасии муроҷиат: ҷаримабандии як нафар ҷавон барои бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонот

  Дар асоси муроҷиати электронии як нафар шаҳрванд, сокини шаҳри Душанбе барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот шаҳрванд Уктамович, соли таваллудаш 04.08.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Ҷамила боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Зимни санҷиш ва пурсиши Қудратов Аъзамҷон муайян карда шуд, ки номбурда мунтазам нисбати ҳайвонот махсусан сагҳои хурдҷуссаву хурдсол бераҳмӣ намуда, бо саги ҷангии худ, ки зоти «Питбул» мебошад миёни ҳамдигар ҷанг меандохтааст. Аз ҷумла санаи 16-уми майи соли ҷорӣ низ дар натиҷаи чунин муносибати бераҳмона бо ҳузури кӯдакони хурдсол сагҷанг ташкил намудааст, ки дар натиҷа саги ҷангии номбурда саги заиферо ба ҳалокат расонидааст.
  Воқеан чунин амал берун аз ахлоқи инсонӣ буда, дар доираи қонун ҷавобагриро дар пай дорад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Қудратов Аъзамҷон тибқи талаботи моддаи 277 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба миқдори 5-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда шуд.

Таҳқиқи навор: боздошти ноболиғоне, ки истгоҳи воситаҳои нақлиётро шикастанд

  Санаи 03-юми июни соли равон дар як қатор шабака ва сомонаҳои интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он шикастани истгоҳи воситаҳои нақлиёт воқеъ дар кӯчаи А.Сино аз ҷониби ноболиғон инъикос ёфтаааст, ки ин амали харобкоронаи наврасон вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён оварда, зимнан аз мақомоти милитсияи пойтахт андешидани чораҳои таъсирасони қонуниро талаб намуданд.

  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳо оперативӣ ҷустуҷӯӣ наврасони дар навор инъикосёфта муайян ва бо ҳамроҳии волидайнашон ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд.
  Муайян карда шуд, ки ноболиғони мазкур хонандагони синфи 7-и Литсейи рақами 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мебошанд.

  Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 3-юми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 13:40 дақиқа баъд аз баромадан аз муассисаи таълимӣ бо мақсади худнамоӣ такягоҳи истгоҳи воситаҳои нақлиётро шикаста, яке аз онҳо ин амали ношоями ҳамроҳони худро наворбардорӣ ва ба дигар ҳамсинфонашон ирсол кардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон волидайни наврасон барои барқарор намудани истгоҳи воситаҳои нақлиёт муваззаф карда шуданд.

10-шaбонарӯз ҳабс барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Дар асоси аризаи шикоятии як нафар сокини шаҳри Душанбе дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрванд Давлатов Фирӯз Абдусаломович, санаи таваллудаш 09.02.1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Чапаев дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 1-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 17:00 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Сино, назди маркази савдои «Ёвар» қарор доштанаш тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати муроҷиаткунанда дашномҳои қабеҳ дода, ҳамзамон ӯро мавроиди латукӯб қарор додааст.
  Дар натиҷаи пурсиши шоҳидону санҷиши навори ҷойи ҳодиса кирдори майдаавбошонаи дастгиршуда тасдиқи худро ба пуррагӣ пайдо намуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Давлатов Фирӯз Абдусаломович тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button