Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

СОКИНОН: ЗАМИНЛАРЗА ЧУНОН САХТ БУД, КИ ШАБРО ДАР БЕРУН РӮЗ КАРДЕМ…

Бино ба гузориши Институти геология ва сейсмологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби гузашта, 2-уми июн соати 23:34 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.

Маркази заминларза 59 километр шарқи шаҳри Душанбе ва 12 километр ҷанубу шарқи Турсунзода дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки қувваи заминларза дар маркази он 4,4 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, аз талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар бар асари ин офати табиӣ хабар нарасидааст. 

Аммо дар ҳоле ки зилзиланигорон шиддати заминларзаи ахирро дар марказаш 4,4 ва дар душанбе аз 3 то 4 балл баровард мекунанд, сокинон мегӯянд, чунин заминларзаи шадидро дастикам дар водии Ҳисор аз замони заминҷунбии пурқурбонии соли 1989 дар Шарора ба ёд надоранд.

Дар пайи ба ларза даромадани бистари замин шаби гузашта дар Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва дигар минтақаҳои водии Ҳисор ҳазорон сокинон тарки хонаҳои худ карда, аз тарси такрор шудани зилзила чандин соат ва бархе ҳатто то дами субҳ шаби худро дар берун рӯз кардаанд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 5 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 18 чунин заминларза ва дар як соли охир 214 заминларзаро сабт кардаанд.

Барои муқоиса дар Ӯзбекистон дар як соли охир ҳамагӣ 40 заминларза сабт шудааст.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button