Хабарҳои кӯтоҳ

ФИШОРАШ БОЛО РАФТ… ҲАЛОКАТИ ДУ РОНАНДА ДАР ДУ САДАМА ДАР НОРАКУ ҲИСОР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 1 июн дар ду садама дар Норак ва Ҳисор ду ронанда ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла, рӯзи 1-уми июни соли 2022, тахминан соати 11:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундаи-Портер”, Назаров Ҷанҷол Мирович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҷал-ҷал ба самти шаҳри Норак, ногаҳон фишораш баланд шуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, автомашинаашро чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда, Назаров Ҷ.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба халокат расидааст.
Ҳамин тариқ, нимаи дуюми 1-июни соли 2022, тахминан соати 16:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Салимов Тоҷиддин Акбархонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Айнӣ-Ҳисор” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба дарахтҳои арчаҳои канори роҳ бархӯрда, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа ронанда Салимов Т.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда ва беэҳтиётии ронандагон ҳангоми истифода телефонҳои мобил аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button